Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

буд. Ин буд, ки ман ба ӯ ғоибона ихлос пайдо кардам. Орзу доштам, ки суханҳои вайро бевосита шунавам ва шоҳиди додрасӣ, адлу инсофи ӯ гардам.
Тасодуфе ин орзуямро амалӣ намуд.

Падари дасттанҳо ва пир шудамондаам аз хушзеҳнии ман акнун чандон шод набуд. Зеро баъди хатми синфи чорӯм ва синфи шашум дар вақти имтиҳонгирӣ аз лаёқати ман хушнуд шуда, муаллимону кормандони маориф, намояндагони рабфакҳо, дорулмуаллимину курсҳои таълим ва тарбия, ки чашмашон чори роҳи толибони илм буд, маслиҳат медоданд, ки барои хондан ба мактабҳои миёна ва олии шаҳрҳои дигар, масалан, Тошканд, Самарқанд, Боку ва ғайра равам. Падарам ҳар дафъа, ки аз ин машваратҳо огоҳ мешуд, дар ташвиши зӯр мемонд. Аз азобҳои мусофирию душвориҳои дар шаҳрҳои дигар хондан, савоби дар пеши падару модар будани фарзандон то метавонист панд мегуфт.

Боре муаллими мактаби ибтидоиамон Ҷамол Низомиддинов дар мактаб ба дастам як ченчӯбро дода фармуд, ки ба падарам бурда диҳам.

— Барои модари бачаҳо як ҷуфт кафшу маҳсии амиркон дӯхта медиҳанд,— гуфт ӯ маро дар тааҷҷуб гузошта. Зеро падари ман ҳарчанд тавонад ҳам, маҳсӣ намедӯхт. Мо қолибу понҳои вайро надоштем. Аммо чизе нагуфтаму ченчӯбро овардам. Падарам хурсандона онро гирифт.

— Муаллимат турфа одами хуб,— гуфт ӯ.— Кафшро худамон медӯзему маҳсиро харида мебарем.

Баъдтар донистам, ки падарам ба ҳавлии муаллим рафта, зорӣ кардааст, ки маро аз рафтан ба ҷои дигар боздорад. Ба ивази ин меҳрубонӣ барои зани муаллим дӯхта додани кафшу маҳсии амиркопро ба зимма гирифтааст. Аз тӯҳфаро тайёр карда бурдани падар хабар надорам. Вале муаллим, ки худаш ташаббускори ба Самарқанд, ба курси таълиму тарбия фиристодани ман буд, погаҳои пӯстинашро чаппа пӯшида, ғамхори падару модари солхӯрдаи ман шуд. Чанде аз миён нагузанту ҳуҷҷатҳои барои ба курс дохил шудан тахт кардаамро ба дастам дода гуфт:

— Чаро ту дар мактаби миёнаи худамон, мактаби Беҳбудӣ нахонӣ, ки муаллимони боқувват дорад? Ба гапи ман даро. Баъд худам туро ба Боку мефиристам.

пешина
аз 447
навбатӣ