Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
То он вақт либосат шустаю хӯрокат пухта, ҷоғаҳат андохтагӣ, дуои падару модаратро мегирӣ. Онҳо ғаниматанд.
Фаҳмидам, ки рӯн табарро пахта гирифтаасту кафшу маҳсӣ маъқул шудааст. Дигар чӣ илоҷ? Ба синфи панҷӯми мактаби Беҳбудӣ рафтам, агарчанде ки донишам аз як тамомкунандаи мактаби миёна кам набуд. Дар мактаби ҳозираи ба номи Пушкин, ки он вақт номи Беҳбудиро дошт ва аввалин мактаби миёнаи шаҳр буд, ки мардум ба тариқи ҳашар бунёд карданд, дар ҳақиқат монанди Юнус Ҳусайн, Раҳим Солеҳӣ, Ҳоҷихон Умаров, Раҳим Шарифов муаллимони пуркуввати ҳамон замон ҷамъ буданд. Дар айни замон як нафар турки дар ҷанги якуми ҷаҳон асир афтода, ба ин ҷо бадарғашудае низ буд, ки номаш ба узбакию лекин дар амал бо забони ғализи турки усмонӣ дарси забони модарӣ ва физкултура медод ва ҳар рӯз сад бор ҳар кадоми моро «кӯппак ӯғлӣ» меномид.
Муаллими фанни ҷуғрофия, мудири маорифи шаҳр, марди мадрасадидаю дар Боку таҳсил намуда, писари яке аз муллоёни замонаш — Раҳим Солеҳӣ буд. Дигар дарсҳо ба забони узбакӣ гузаранд ҳам, ӯ тоҷикӣ дарс мегуфту чунон равнашу возеҳ дарс медод, ки гуфтаҳояшро мо ҳаргиз фаромӯш намекардем. Дар ҷуғрофия аълохони синф ман будам. Зеро ин дарсро ҳанӯз дар мадраса аз Муҳиддинхони мударрис гирифта будам, ки дониши ӯ дар бобати ин илм аз Солеҳӣ кам набуд. Боре Солеҳӣ дар газетаи девории мактабамон «Хуршед», ки муҳаррираш падари журналистони Хуҷанд Юнус Ҳусайн буд, як шеъри дар тазмини шеъри Ноил Шерзода гуфтаи маро мебинад. Чашми географ дар ҳангоми сафои хотир ба он афтодааст магар, ки меписандад. Дар вақти танаффӯс дар долон аз бағалам гирифта, роҳравон гуфт:
— Ту ҳозир аз чанд муаллимҳои нохонда олимшудаи мо беҳтар муаллими мактаби ибтидоӣ шуда метавонӣ. Аммо барои ин ҳуҷҷати маълумоти миёна лозим. Хоҳӣ, имтиҳон медиҳӣю ба курси кӯтоҳмуддати муаллимтайёркунӣ медароӣ. Мегӯянд, ки баъди хондан ту кафшдӯзӣ ҳам мекунӣ, рост? Хӯрҷини зиндагиро ба китфат бармаҳал партофтаанд. Ба маслиҳати ман чӣ гуфтӣ?
Аз таърифи чунин муаллими обрӯманд, мудири маорифи шаҳр шод шудам. Ба ӯ раҳмат гуфтаму ризой додам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё