Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ба берун нигоҳ карда гирифт, ки дар он ҷо фаррош бо ҷорӯби дастадароз саҳни мактабро мерӯфт.— Шаҳри мо, Хуҷанд, шаҳри хеле қадима асту мардумаш сад солҳо ин тараф муқими ин шаҳранд. На фақат одамони як гузар ё маҳаллау роат, балки бошандагони ин канораи шаҳр, аҳолии он канорро аксар медонанд. Чуқуртар дида бароед, бисёри сокинони ин ҷо хешу ақрабои дур ё наздики якдигаранд, некию бадии ҳар кас, асрори ин ё он хонадон бе ҷарчию газета ҳам имрӯз набошад фардо ба ҳама маълум мешавад. Ва ягон пирамарди, масалан, маҳаллаи Кони Сурб номи пирамардеро аз гузари Наддофон гирифта, касбу корашро гӯед, ҳафт пушту аҷдоди вайро ба шумо баён мекунад. Ана ҳамин марде ки рӯи ҳавлии мактабро мерӯбад, — Раҷабов фаррошро нишон дод, ки хасрӯбаҳоро ба замбаргалтак меандохт — аз маҳаллаи Милтиқсозон буда, бародаре дорад аробакаш. Аробакаш аз зани аввалии худ писаре доштааст, ки модари ӯгай ба вай аз ҳад зиёд ҷабр мекунад ва бачаи безоршуда аз ҳавлӣ мегурезад. Дар ба дар гашта, ҳар куҷо рост ояд, хоб кардаву хеста, аз бесаробонию парасторӣ ба хасдуздӣ одат мекунад. Пиронсолони маҳалла аз ин ҳол бохабар шуда, падарашро огоҳ мекунанд, ки ҳоло ҳам сари вақт бачаро аз кӯи бад гардонад. Хуб мегӯяду ба қавле чакса кам мекунад. Намехоҳад, ки барои бача шуда, модари ӯгайро ранҷонад. Ғами бачаро аз маҳалла каси дигар мехӯраду ӯро алдаю сулда карда, ба сағирхона бурда месупорад. Аммо бачаи ба худсарӣ одаткардаю бешоҳбандшуда, бо сару либоси он ҷо мегурезад ва аз хонаи як ҳамгузари худ либосҳои шуста ба торовехтаро дуздида, дар вақти фурӯхтан ба даст афтод. Бачаро ба назди ман оварданд. Ӯ чунон чиркин ва лоғар буд, ки ба ҳолаш, ҳарчанд сангдил бошад ҳам, дили ҳар кас месӯхт. Ман мебоист бачаро ба шӯъбаи милитсияи шаҳри нав роҳӣ мекардам. Аммо одам фиристода падарашро оварондам. Гиристу тавбаю тазаррӯ карда, бачаро бо худ бурд. Маълум шуд, ки вай ҳанӯз дар роҳ гурехтаасту ин падари садқаи падарӣ шуда ҳам хотирҷамъ рафтааст. Дафъаи дигар бача дар бозор кисаи касеро бурида ба даст афтод. Пиронсолони аз беғамию бемасъулиятии падари вай ранҷидагӣ ба пеши ман омаданду машварат кардем. Падару модари ӯгайро раддимаърака эълон карданд. Ба ягон лозим, тӯю

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё