Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Чун моҳи июн расид, ҳуҷҷатҳоро бурдаму имтиҳон додам ва қабул шудам. Дар ин курс муаллими дарси ҷуғрофия худи Солеҳӣ буд. Ҳаво гарм. Дар як синф мо зиёда аз чил нафар ҷавонону калонсолон. Партаҳо майда. Ба зӯр ғунҷида, обу арақ карда менишастем. Муаллими фанни анатомия, ки намедонам аз чӣ сабаб бошад ва ба кадом асос дарси инсон ном дошт, устухони аз сар то по бутуни одамиро ба ин сӯю он сӯ гардонда, ҷон коҳонда, шарҳи таркибии ҷисми одамро медоду яке пинак мерафт, дигаре ҳамёза мекашид, сеюме сар бар каф гирифта, гӯё ба хаёл рафтаю дар амал хобашро мегирифт.
Ин дарси охирини ҳамонрӯза буд, ки ҳар дақиқааш чун соате тӯл мекашид. Хонандагони соатдор зуд-зуд соатҳошонро гирифта, медиданду ба дигарон нишон медоданд. Ниҳоят дарс ба охир расид. Ҳама гуррӣ аз ҷой бархоста, шитобкорона худро ба берун андохтанӣ буданд, ки директори мактабамон даромаду фармуд, ки аз ҷой наҷунбанд.
— Сардори шӯъбаи милисия рафиқ Раҷабовровро даъват карда будем, ки дар хусуси муборизаи зидди бетартибиҳои бачагон лексия хонанд. Фурсат ёфта омадаанд.. Хоҳишмандам, баъди танаффус бо диққат лексияи он касро шунавед, ки барои шумоён бағоят зарур ва муфид аст. Ҳама оҳ кашидем. Сар хоридем, илож чист? Боз ба ҳамон синфи дам, гарм, нафасгардондаю арақшоркунанда даромадем.
Мирзошариф Раҷабов — марди миёнақад, китфаш андак хамидаи гандумгун ва нигоҳаш шармгинона, ки куртаю шими сафеди оддӣ дар тан ва чун ҳамеша тӯппии сабзи бегули маҳмалини Тошканд дар сар дошт, ҳар ду даст рӯи сина монандӣ шогирд ба ҳузури муаллим даромада омад. Мо бархоста ба ӯ салом додем. Хоҳиш намуд, ки нишинем. Директорамон сарсухане гуфту ба ӯ ҷои худро дод.
— Ба муаллим шогирд таълим намедиҳад, — сухан оғоз намуд сардори шӯъба.— Ба болокории ин ба муаллимон дарс гуфтани шогирд амрест басе маҳол. Вақте фарз кардему аз хӯшаҳои чида овардан ман, ки шогирди шумоям, донаҳои сараи коштанбоб ёфт шавад, барои кори давлатӣ-ҷамъиятӣ — тарбияи авлоди ояндаамон гумон мекунам, ки аз фоида холӣ набудагист.— Тӯппиро аз сар гирифта ба рӯи стол гузошту

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё