Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дидани суратҳои чор тарафи девор, сонӣ боз чи гуна баҳонаҳои дигарро карду нарафт. Лекин ногаҳон зуд, саросемавор хайрхуш карда берун баромад. Ман аз ин ҳайрон шуда, аз паси тиреза, аз қафояш нигоҳ карда дидам, ки дар ҳамгашти тангкӯча бо Хайрӣ мулоқот менамояд ва Хайрӣ як рӯмолчаро бароварда чунон чолокона ба дасташ дод ва як нигоҳи нозукадоёпа ба ӯ карду баргаштаравон маро дар паси тиреза дида, зада ба ҳавлии мо даромада рафт.

Фаҳмидам, ки Нурмуҳаммад ба ҳавлии мо омадани Хайриро дар кӯча дида, гули хайриро баҳона карда, ин ҷо омадааст ва аз ин мебарояд, ки онҳо ошиқи ҳамдигаранд.

«Нурмуҳаммад ҷавони хушрӯй, ҳунарманд, хушодоб. Хайр, айбаш ҳамин, ки бесавод. Чаро ӯ шавҳари Хайрии шӯрбахт шуда натавонад?» — аз фикр гузарондам ва ҳатто хурсанд шудам, ки онҳо ҳамдигарро ёфтаанд.

Шояд аз он ки ман аз дидору рӯмолчадиҳӣ хабардор шудам, Хайрӣ хавотир шуда бошад, чандин вақт ба ҳавлии мо наомад. Бечора эҳтимол дар хона нигарони хабари нохуш ё калтаки падар гардид.

Рӯзе Нурмуҳаммад маро дида табассумкунон омада, даст дода, вохӯрӣ карда «ту мардакча будай. Ба ҳазор дарою ба муродат рас!» — гӯён калонона дуо ва умедворӣ кард. Баъди ягон ҳафта ин аввал овоза шуд, ки Нурмуҳаммад ба кӯҷое рафтааст. Падару модараш ҳеҷ ҷону парафтаву накофтаашон намондааст.
Лекин ӯро наёфтаанд. Пас аз ду-се рӯзи ин, аввал дар байни занон, сонӣ дар кӯчаҳо овоза шуд, ки духтари тӯра, Хайринисо ҳам ғайб задааст. Ман дарҳол фаҳмидам, ки онҳо ба ҳам сохта, гурехтаанд. Падару модарони онҳо бошанд, ҳар кадом ҷудо-ҷудо фарзанди худро суроғ менамуданд. Вале ду ҳафтаи дигар аз миён нарафта, падари Хайрӣ ва Нурмуҳаммад аз Андиҷон номаҳои онҳоро гирифтанд. Падари Нурмуҳаммад хатро тохта ба назди ман овард, ки хонда диҳам. Нома бо хатти райҳонӣ навишта шуда, ба қалами Хайрӣ тааллуқ дошт, ки ман онро мешинохтам.

«Баъди салому паёми муштоқона аз ҷониби фарзанди дилбанди дурафтодаатон Нурмуҳаммад расида маълум бод, ки мо дар Андиҷон дар ҳавлии холаам бо ҳамроҳии Хайринисо саломат ҳастем.

пешина
аз 447
навбатӣ