Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Саломатии ҳамаи шумоёнро аз даргоҳи воҷибал-вуҷуд...
Бо ҳамроии Хайринисо? — падарро даҳон калон кушода ва чин аз ҷабин бардошта шуд.— На риштаю на тофта, аз баҳри худо ёфта. Нағз кардааст! Мапи бечора даҳ бор хостгор фиристодам, не гуфт. Модари Нурмуҳаммадро фиристодам, беобрӯ карда бароварда фиристод. Худам рафтам. «Усто, қиёмат қоим мешавад. Набошад, як халқия омада, ба авлоди пайғамбар духтаратро ба писарам ба занӣ деҳ, мегуфт-мӣ? Ору номус акнун тамом аз миён рафт-мӣ? Эҳ, замона! — замона!» — гуфта ба пешонааш шаппотӣ заду маро дар рӯи ҳавлии меҳмонхона шах карда монда, худаш бе хайрухуш ба ҳавлии дарун даромада рафт. О, ҳамин нияташ ки будааст, чаро намегӯяд? Ман худам белат харида, оҳиста бароварда гусел мекардаму ин қадар ковак-ковак намешуд. Ҳамту не? — аз ман пурсид падар ва худ аз худ гӯё шарм намуд, ки сурх шуд. Ба хаёлам, аз он шарм кард, ки ин суханҳоро ба писарбачаи ҳанӯз чашмаш кушода нашуда ва аз ишқи ошиқӣ бехабар мегӯяд.
«Э амаки содда! Ту намедонӣ, ки ман ҳам ба як духтари тӯраи дигар дил додааму нақши пояшро аз байни варақҳои «Сӯфӣ Оллоёр» гирифта тамошо мекунам. Лекин афсӯс, ки вай аллакай шавҳар карда рафтааст. Намедонам шавҳараш кисту номаш чист ва ҳатто маконаш дар куҷо. Фақат дар зери чарми кафи ҳар ду пои кафши ӯ ман ду порча коғаз гузоштам, ки дар онҳо «дӯзандаи ин кафш ошиқи нокоми шумо» гуфта навишта будам.
— Хайр бачем, он тарафашро хон-чӣ? — дархост намуд падар.
«Бо никоҳи мусулмонӣ ману ӯ зану шӯ шудем. Ҳолаам аз келинатон ниҳоят хурсанд. Он кас ба ман масолеҳ харида, асбобу ускуна карда доданду кафш дӯхта истодаам. Келинатон тӯппӣ медӯзад. Холаам фурӯхта меоянд...
— Не, инаш ба ман маъқул не,— гуфт падари Нурмуҳаммад.— Худи ҳамин рӯз баромада мераваму куҷонда мебиёрам. Мон, ки тӯра сӯхта мурад. Ҳа, чӣ? Ба нағзӣ надод? Надод, беобрӯ кард? Кард. Рафта гирифта мебиёрам. Падару модараш кудою анда барин омаду рафт кунанд, хуш омадеду хуш рафтад мегӯям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё