Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Боре аз ходимии вуҷуди Савачӯб домулло дилам беҳузур шуда, тозон ба обрези пойгаҳ омада, парто-парто кардам. Ин ба мударрис маъқул нашуду хайрият маро аз ӯҳдадории моломол, ки аз ҷон сер мекард, озод намуд.

Дар паси мадраса як дӯкончаи баққолӣ буд. Баққол Зоҳидзиқна ном марди каҷовашиками каҷпо, кӯтоҳгардану каллакалон ва ҳирриовозе буд, ки дар бадмуомилагӣ монанд надошт. Ӯ ҳамаро то метавонист фиреб медод. Вале ҳадди касе набуд, ки лому мим гӯяд. Чунки дигар баққолон чун ӯ ба насия чиз намефурӯхтанд. Зоҳидзиқна ҳафтаи се рӯз дӯкон мекушод. Се рӯзи дигар дӯконашро ба хӯрцинҳо ҷаву ба ҳар бор карда, ба бозорҳои Нов, Мирзоработ ва Исфисори гирду атрофи Хуҷанд, ки он вақт ҷои дурдаст ҳисоб меёфтанд, мерафт. Ҳоло замини он дӯкону самоворхонаҳо ҳам, ки дар паҳлӯяш буд, одамон ба ҳавлии худ ҳамроҳ карда гирифтанд.

Ду-се сол самоворчии самоворхона Мӯъминҷон ном марди заккуме буд. Ӯ ғилоф ҳам медӯхту дутор ҳам менавохт. Одамони серпул ба кордҳои шохи бугию дандони филкабза ба ӯ ғилоф медӯзонтанд. Ӯ ғилофи симу абрешимгул медӯхт. Вақте аз чойкашониву самоворҷӯшонӣ андаке ором мегирифт, дутор менавохт. Дутори ӯ гӯё сухан мегуфт, мегирист, механдид, рақс менамуд. Ҳама чурукӣ накарда мешуниданд. Ягон каси аз табъи нозуки самоворчӣ бехабар, дар вақти дуторнавозии ӯ сарпӯши чойникро чой пурсида, чириққонад, ҷони ӯ ба ҳалқаш меомад. Чойхӯрон ӯро бо вуҷуди дилтангӣ, сахту зоррасиш ҳурмат мекарданд. Ӯ марди озода, бомаззадаст буд. Аз маҳаллаҳои дигар ҳам ба ин ҷо барои нӯшидани чои қаймоғиву шунидани оҳангҳои фараҳфазои дутор меомаданд. Самоворчӣ сахт мелангид. Намедонам, рост мегуфтанд ё дурӯғ, аммо ҳикоя мекарданд, ки Мӯъминҷон боре дар як рӯзи ҳавои қаҳратуни зимистон яхи ҳавзро шикаста, бо обкаш ду сатил об меовардааст. Ногоҳ пояш лажжида, афтода об рехтааст. Ӯ аз камоли қаҳр бо обкаш ба пои чапи лажжидааш зада, устухони онро шикастааст...

Ҳоло, чунон ки гуфтам, аз самоворхона нишон нест. Аммо дар гирду атроф чойхонаю қироатхонаҳо аз чойхӯрон зиёдтаранд. Аз магазинҳои омехтаи ин ҷо

пешина
аз 447
навбатӣ