Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
насъя нафурӯшанд ҳам тамоми зарурати рӯзгор ёфт мешавад.
Аз одамони маҳалла се хонадон диққати маро дар бачагӣ ба худ бештар ҷалб мекард. Аввалин, оилаи як тӯраи қафсану ҳаққулогундор. Ҳавлии калони ӯ дар рӯзҳои бозор монанди корвонсарой пур аз хару асп ва шутурҳо мешуд. Узбекону қирғизон — муридони тӯра шибоғу ангишт ва саксавул, дар рӯзҳои баҳорон ревочу пишлоқҳои ба бозор овардаашонро фурӯхтан баъд, бо хару хингил ба ҳавлии ӯ омада дар деги калоне хӯрок пухта хӯрда, баъзан шабҳо хоб карда мерафтанд.
Аз аҳли маҳалла баъзе касон аз муридони шутурсавори тӯра норизо буданд. Зеро аз болои шутур на танҳо рӯи ҳавлӣ, балки даруни хонаҳо менамуданд.
Муридон бе ҳеҷ «рӯбиноп» рӯи зану духтаронро дида метавонистанд...
Тӯра бо вуҷуди ин қадар даромад, ҳамеша аз камбағалӣ шикояту ҳасрат мекард. Бинобар ин, ӯро тӯраи ҳасрат меномиданд.
Чӯкка задани шутурро аввалин бор ман дар ҳавлии ӯ дидам. Вай чӯкка заду бо лабҳои овезон аз охур шолипояро печондаю кашида, гардани дарозашро баланд бардошта, бо чашмони сиёҳи дар назар ғамгинонааш ба ҳар сӯ нигариста, ба кафшакунӣ даромад. Он тарафтар аз шутур дар назди очааш як курраи тахтапушташ ҳанӯз полон надораи охувор базеб меистод.
Дар сари бачагонай ман ҳавои савор шудан ба ҳамин хӯтук пайдо шуд. Ба болои охур баромадам, аз он ҷо хез зада, ба вай савор шудам. Лекин ҳанӯз дар тахтапушташ қарор нагирифта будам, ки вай най дар пай дингила зада, маро афтонд ва аз болоям мисли харгӯше ҷаҳида гузашт. Чӯраҳоям хандаро бардоштанд.
Дар байни онҳо Нурмуҳаммад ҳам буд, ки ба тӯи арӯсии писари ӯ меомадам.
Ман барои зиёдтар масхара нашудан, дардро пинҳон ва пои латхӯрдаамро илоҷ карда ба замин монда, ба кӯча баромадам, баромадаму гиристам. Ба хона омада, ба модарам гуфтам, ки пешно хӯрда сахт ғалтидам.
— Сазои сари касе, ки ба чашмаш нигоҳ накарда роҳ равад, танбеҳ дод модар ба болои сӯхта намакоб карда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё