Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале ман хаёл карда-хаёл карда, ҳеч фаҳмида наметавонистам, ки одам ба чашмаш чӣ хел нигоҳ карда метавонад...

Хонаводаи дигар, оилан Бобоамак ном кафшдӯзе буд. Ҳавлии ӯ дар қафои дӯконҳои дӯзандагии мо. Аз ҳавлии харобаи ӯ як хонаи нӯҳболор ва як дӯкончаи кафшдӯзӣ ҷой доштанд.

Бобоамак ҳафт бача дошт. Азбаски ӯ хеле калонсол шудан баъд зан гирифтааст, бачагонаш ҳама ғилмаку ширмак буданд. Онҳо на хӯрдани серӣ доштанд ва на пӯшидании дуруст. Зимистон ки расид, аз хона берун омада наметавонистанд. Бачагони кафшдӯз мисли бофандаи кафангадо ҳеҷ кадом ақаллан кафши кӯҳнае надошт. Сарлучу танлуч ба зери кӯрпаи лахлахаи рӯи сандалӣ медаромаданд. Махсусан дар зимистон нолаи модар аз бачагонаш зиёд мешуд.

— Аз даҳан калон нахеста муред шумо! — дод мезад ӯ.— Ҷоғҳоятон канда шуда афтанд, ин қадар нон кафша мекунед!

Бечораи Бобоамак, ки бори гарони парастории ин хонаводаи шӯрбахт ба китфҳои қоқаш фуромада буд, беором меҳнат мекард. Нафақат тамоми рӯз, баъзан аксари шабҳо гурс-гурси кӯбаву кундаи дӯзандагии ӯро замин аз болиштҳо гузаронда, ба гӯши ҳамсояҳо мерасонд. Ҳуши ӯ ҳамеша банди рӯзгор буд. Боре ба кӯчаи мо чертғари назкакак омаду навбат ба дари Бобоамак расид.

— Амак, чандта бачатон ҳаст? — бо овози паст пурсид чертгар аз ӯ.

— Чандта буд гӯед-а? Ба ёдам намондааст,— ҷавоб дод бешӯхии Бобоамак пушти гарданро хорида ва ба замин нигоҳ карда.

— Эй, авлиё шавед, наход чандта будани бачаатонро надонед, амак? — хандид чертгар.— Қоил кардед!

— Бачаашон ҳафта,— ҷавоб додам ман, амакро аз ҳиҷолат халос карда.

— Ҳа ҳафт нафар, мулло,— сар ҷунбонд амаки парешонхотиру парешонрӯзгор.— Худо гӯед, ки рӯзи ман ба сари ҳеҷ кас нафарояд.

— Хайр, номи калониаш чию солаш чанд? — чертгар, мазмуни чизеро пай бурда, узрхоҳона оҳанги суханро дигар кард.— Писар ё духтар?

пешина
аз 447
навбатӣ