Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

як расми аз газета буридашудаи Ленинро часпонда буданд. Аз афти кор, дақиқае ба расм чашм дӯхта пӯшидани дарро фаромӯш намудам, ки усто гуфт:
— Даро, дарро пӯш. Чӯ, Ленинро акнун мебинӣ-мӣ?
Салом додаму дарро зуд баста, кафшро кашида оҳиста ба рӯи шол қадам ниҳодам ва чунон ки муридон бо ихлоси тамоми дасти пиронро мегирифтанд, хам шуда, дасти усторо гирифта, муаддабона ба ҷои ишора намудааш нишастам.

— Шукруллохон тӯрам он ҳафта ба оймашон кафш фармуданӣ шуда, ченҷӯби пои муборакро гирифта омада буданду сурати Ленинро дидан замон худашонро аз боло ба пойгоҳ партофтанд. — Устоҳайдар ангушти шаҳодати дасти чапашро ба нӯги бинии андак пачақаш бурда молида, қариб буд, ки хандаи маро биёрад ва суханро идома дод: — Ҳа, тақсир, чӣ шуд, ба поятон-ку мех надаромаД, гӯям, ба ман теғ кашида нигоҳ карда чӣ гуфт гӯй? «Дар хонаи суратдор, устои азиз, на файз мешаваду на баракат. Алҳамду лиллоҳ шумо одами мӯъмину мусулмон. Чӣ хоҷат, ки сурати кадом як ӯрусро ба девор овехта монед?» Тақсир, гуфтам, вай аввалан, ӯруси муқаррарӣ не. Ленин. «Ленин?» — гуфта пурсиду як қадами дигар ақиб монда, дастаки дарро гирифту «наузан биллоҳ»! — гӯён худашро ба берун гирифт. Хайру хушро насыя карда рафт.
Ченҷӯб дар ин ҷо монд. Гум шав, худат ҳам дар ҷаҳаннаму запат ҳам, гуфтам. Ленин намебуд инқилоб мешуду мо аз мардикорӣ гашта месомадем-мӣ? — Устоҳайдар гӯё аз ман мепурсид. — Асло не. Дар ҳамон тарафҳо ба таги меҳнати сахт монда хору зор шуда мурда мерафтему ҳеҷ кас намедонист, ки хоки мо дар куҷо.
Сурати Ленинро ман ҳанӯз ҳамон вақт, аввали ҳуррият дар куҷо гӯй, дар Тула дидам. Мо чанд мардикори ҳуҷандӣ тақсим шуда ба заводи тирсозии ҳамон ҷо омада будем. Суратро ба ман устоям Петров нишон дода буд. Худо раҳмат кунад, аҷаб одаме буд! «Ана ҳамин одам саркардаи инқилоб. Ана ҳамин кас ба ману ту роҳи озодиро нишон дод», — гуфт. Аз ҳамон вақт боз ман худи ӯро надида бошам ҳам, ғоибона нағз мебинам. Ту ҳоло ҳам дар мадраса хонда гаштай-мӣ? — пурсид ногаҳон усто.

— Мударрисамон Тӯрадомулло бетоб. Ба мадраса
намеоянд. Баъзе-баъзе ба хонаашон рафта дарс мегирам,

пешина
аз 447
навбатӣ