Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Александр Николаевич, сардори ҷабҳа мисли марди зангир маст аст,- Семёнов Черновро тасалло дод: -Мехоҳад зуд шаҳрро гираду номаш вирди забонҳо шавад. Ҳоло Бухороро гирем, Фрунзе гуфтаҳояшро фаромӯш мекунад.
Чернов бо тамасхур сар ҷунбонд. Вале дар ботин ба ғазаб омада ба Фрунзе муроҷиат кард: «Фармудӣ, шаҳрҳои Китобу Шаҳрисабзро гир, гирифтам, боз чӣ мефорад? Аблаҳ! Худат кӣ будӣ? Як зиндонӣ! Ин инқилоби бурру бар шуду ту баринҳоро пешво шудед!»
– Аслан Фрунзе сахтгап будааст,-гуфт Степанов бо оҳанги дилбардорона: -Дирӯз сардори полки 10-ум Климовро аз об гирифта ба оташ зад. Гуфт, ки ҷабҳаи Туркистонро ту шарманда кардӣ. Армияи сурх ҷойи ту барин ноӯҳдабароҳо нест. Ба Бухоро, ки омадам, аввалин коре ки мекунам, туро ба трибунал медиҳам. Ва аз Чернов пурсид. -Шуморо то Бухоро бо поезд барам?
– Ротаи инженерӣ ва батареяро баред. Мо бо аспҳоямон равем, хубтар аст. Пастию баландии ин ҷойҳоро диданамон лозим. Кӣ медонад, ҷанг кай хотима меёбад?
Соат нӯҳ нашуда гурӯҳи Чернов ба роҳ баромад. Ҳарчанд то Бухоро назорати роҳ дар дасти аскари сурх буд, бо вуҷуди он Чернов мувофиқи ойинномаи ҳарбӣ пеш-пеш гурӯҳи иктишофӣ равон кард.
Дар байни роҳи Когону Бухоро, ки тахмин даҳ километр аст, беморхонаи қисми ҳарбӣ қарор дорад. Пеш ин ҷо анбори пахтаи яке аз бойҳои Русия будааст. Ду сол шудааст, ки дигар пахта ҷамъ намекардааст. Ба наздикӣ большевикон дар хонаҳо, ки посбонҳо ва коргарон истиқомат мекарданд беморхона ташкил кардаанд. Першин пойи дар роҳ ҷароҳат гирифтаашро нишон додаӣ даромад. В роҳ сарбозҳо як нафарию ду нафарӣ баъзан бештар равуо доранд. Ба ишораи Чернов Муҳаммадшариф якчанд нафарро дошта пурсид. Маълум мешавад, ки ё захм бардоштаанд ё бемор шудаанду ба беморхона мерафтаанд. Чашми Чернов ба серҷанти ғафсаки рӯяш паҳн афтид, ки гимнастёркаашро кашидаасту бо сарбози қадпасти дасташ докапеч гуфтаю хандида мераванд.
– Аз кадом полк?-Чернов аспашро рӯбарӯи онҳо дошт.
– Аз полки алоҳидаи таъйиноти махсуси тирандозӣ, сержант Яновитский.-Сержант зуд куртаашро пӯшида, афзуд:-Ба сабаби дарди сар ба беморхона меравам.
– Аз полки таъйиноти махсус буданат маълум,- гуфт Чернов ва ҷониби сарбоз назар андохт:
– Сержант Сотиволдиев, аз полки 10-уми тирандозӣ.- Сардори полк майёр Климов, сардори ротаамон Нургалиев, -сарбоз дасти бастаашро нишон дод:-Бояд дору карда аз нав банданд.
– Ҳарду аз гурӯҳи Климов?-Чернов ҷиддӣ шуд ва ҷониби сержант афзуд:-Рафиқ Яновитский, аз бекорӣ сарат дард кардааст. Ба ту як соат вақт, ба полк расида вақти омаданатро сабт мекунӣ. Ман назорат мекунам.
– Рафиқ майёр, ҷойи, ки полки мо қарор дорад, аспакӣ як соат роҳ аст.-Чеҳраи сурхи сержант сурхтар мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё