Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
— Сарбоз супоришро, ки гирифт, бояд иҷро кунад. Аллакай як дақиқа вақт рафт, — гуфт Чернов ва ба соаташ нигарист.
Сержант пас гашта давида рафт.
— Тохта равад ҳам, немерасад, — Степанов хандид. — Зеҳн монам, дар байни омадаҳо русҳо ҳам ҳастанд.
— Фиребгару тарсу дар ҳама миллат ҳаст, — Чернов ба атроф зеҳн монд.
Қади роҳи аз Когон то Бухоро ҳар ҷо қисмҳои ҳарбӣ ҷойгир шудаанд. Дар назди деҳае боғи атрофаш девори баланд доштаро диданд, ки дарвозаи калони кандакорӣ дорад. Вале як табақаш нест. Деворҳояш низ ҳар ҷо хароб шудааст. Маълум, ки боғи кадом бойе будаасту ҳоло ба дасти инқилобчиҳо афтодааст. Назди дарвоза якчанд аробаи холию бордор истодаанду сарбозон ҳар ҷо гирудор ва даробаро мекунанд.
Чернову ҳамраҳонаш аспҳоро берун монда, дохили боғ даромаданд. Дар лаби ҷӯбори боғ, дар сояи дарахтон афсарону сарбозон ҳар ҷо давра гирифта нишастаанд; баъзе қартабозӣ доранд, баъзе дастархон густурдаю суҳбат оростаанд. Дар майдони тарафи рост, ки бо латтаи карбосранг ҷудо карда шудааст, ошпазҳо дарою баро мекунанд. Ба ҳар тарафе нигарӣ, шоҳи дарахте ё мева шикаста, гулзорҳо поймол шуда, дар роҳраву болои сабзаҳо, даруни чуқуриҳо либосҳои кӯҳна, шиша, ҳаргуна латтаю куттию партовҳо паҳну парешон хобанд. Бо даромадани онҳо касе аз ҷой намеҷунбад. Чернов пеш-пеш, чанд аскари пасаш назди давраи калонтаре, ки дар сояи беди лаби ҷӯй, атрофи дастархон нишастаанд, мераванд. Баъзе тани майка, баъзе бараҳна. Наздик шудани Черновро дида сержанти биникалоне шишаҳои аз шароб холии наздаш ҷамъшударо панаҳ кардани шуд. Марди тануманди мӯйлабдор паҳлӯяш дандон гиз карда: «Мон, истад!» Баъзеҳо куртаҳоро мепӯшанд, баъзеҳо бепарво пояшонро дарозтар мекунанд, нотарс будаашонро намоиш медиҳанд. Чернов ба як нигоҳ ҳамаро мебинад. Ва лаҳзае ба назараш менамояд, ки одамони ин боғ ба ҷабгаҳо дахл надоранд.
— Соҳиби ин ҷо кӣ? — пурсид Чернов ва дар давра будаҳоро аз назар гузаронд. Аз дилаш гузашт, ки бештар русҳоянд.
Ин дам аз назди дарвоза овози гуфтугӯ омад. Манучеҳру Амони Калта ҳар ду аз паси онҳо Загорский бо ду нафар аспҳояшонро назди дарвоза баста омаданд.
— Шумо аз кадом полк? — Чернов наздиктари давра рафта, саволашро такрор кард. — Ин ҷо соҳиб дорад?
— Ҳазир ба шумо мефаҳмонанд, — гуфт мӯйлабдор ва ҷониби сержанти биникалон ишора кард. Сержант дили нохоҳам хеста ба дари ошхона рафта, овоз дод: «Шоҳтемуров, туро мепурсанд!»
Лейтенанти фарбеҳи мӯйсафеде давида баромад: тасмаи миёнаш дар дасташ. Афсарони мусаллаҳро дида худро ба тартиб дароварданӣ шуд, аммо Чернов интизор нашуда пурсид:
— Ин ҷо чӣ гап? Ин одамон кистанд?
Лейтенант дасттупохӯрда нигоҳе ба атроф андохт ва гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё