Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ин ҷо анбори таъминотии ситоди 2127. Сардор подполковник Герасимов. Он кас дирӯз барои масолеҳ ба Чорҷӯй рафтанд. Ман лейтенант Шоҳтемуров, ҷонишинашон.

«Анбори таъминотӣ!» такрор кард Чернов ва пурсид:

– Ин нишастаҳо кистанд? Инҳо ин ҷо чӣ кор мекунанд?

– Баъзеҳо барои ротаашон хӯрок бурдандӣ омадаанд, баъзеҳо беморхона мераванду ин ҷо хӯрокхӯрӣ медароянд…

– Фаҳмо! - гуфт Чернов ва фикр кард, ки «чаро ин ҷо чунин бетафовутист? Куҷо шуд он ҳамияту ҳавасе, ки рӯзӣ аз Самарқанд баромадан доштанд?! Ва ба Степанов муроҷиат кард: – Вақте ки ватан дар ҳолати ҷанг аст... – Ин берӯйю бемасъулиятиро диед?! Хавотирию ташвиши Фрунзе беҳуда набудааст. Ва бо овози баланд фармон дод:

– Ҳама афсарому сарбозон қатор шавед! Шоҳтемуров, ту ҳам!

Кадоме норозиёна ғур-ғур кард. Баъзе гурӯҳҳо дилубедилон мехезанд, баъзеҳо намехезанд. Афсарони дар лаби ҷӯй нишастаро, мижакашон ҳам намехӯрад. Чернов шитоб накарда наздиктар рафт. Қарор дод, ки мӯйлабдорро аз гиребонаш бардошта, ба даҳону бинияш мезанад.

– Рафиқ майёр, шумо ҳамроҳ нашавед, – Семёнов мисле ки нияти ӯро фаҳмида бошад, ба ӯ наздик шуд. Ва ӯ низ оҳиста қадам зада ҷониби давра рафт.

Ин дам овози аэроплан баланд шуд. Вай торафт наздиктар меояд. «Яқин баргашта барои «бор» меравад, – тахмин кард Чернов. – Борро бояд аз анбори Когон гиранд. Ва ҳамзамон ба хотираш расид, ки бояд дер накарда ба Бухоро расанд.

Ин дам Загорский бо ҳамроҳонаш наздик омаданд.

Аз давра аввал сержанти биникалон хест. Пас лейтенант худро ба тартиб даровард, баъди он дигарҳо низ пасу пеш хестанд. Аз ҳама охир мӯйлабдор танҳо монданашро дида, ҷониби ҳамроҳон бад-бад нигоҳ кард ва хеста куртаашро пӯшид.

«Инро бинед-а, капитан будааст!» Лабони Чернов аз ғазаб мепаранд.

Семёнов пештар ба давра расида, бо як тезии фавқулода мӯйлабдорро аз гиребонаш кашида ҳаво дод, ки ба даҳон зад ва наздик буд ба даруни ҷӯй меафтид.

Капитан дарҳол парида хест ва аз гиребони Семёнов дошта «ту лейтенан-ча!...» гуфт ва ҳамоно мушти сахте ба сари синааш хӯрда дар ҷояш нишаст. Нафасаш дарун зад. Чашмонаш пиёла барин калон шуданд. Андаке пас ки ба худ омад, Семёнов ӯро аз гиребонаш бардошта пурсид:

– Фармон фаҳмо?! Ва ҳамзамон ба Манучеҳр, ки аз пас расида буд, ишора карда: «ҳамроҳ нашав!»-гуфт.

– Фаҳмо. - Овози капитан базӯр мебарояд ва калавида ба қатор меравад.

– Фармон буд, ки ҳама дар қатор истанд,-Семёнов пештар рафт. Дигар давраҳо ҳам омада дар қатор истанд. Семёнов сержанти биникалонро, ки оҳиста қадам мезад, муште ба шикамаш зада гуфт: «Ба ноз-ба ноз дар назди занат мегардӣ!- Ва боз сахтар ба дамгаҳаш зада илова кард:- Мо вақт надорем!

Сержант аз дард ҳам шуда сурфа карда қадамашро тезонид.

пешина
аз 613
навбатӣ