Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Маълум буд, ки суханони Бекзода дар толор таъсир гузошт. Ҳангоми хестан Чернов мушоҳида кард, ки дар кунҷи толор гурӯҳе баҳс кардаю чунин суханҳо мегӯянд:

  • Қушун надарояд мегӯед! Онҳо моро зада аз шаҳр берун карданд. Ҳатман медароем!
  • Аз Уралск задаю хеста биёму ба шаҳр надароям будааст!
  • Ленин омада гӯяд, ки ба Бухоро надароед, медароям!
  • Пас шумо аз лашкари Чингиз чӣ фарқ доред?..

Чернов саросема худро берун гирифта дар долон ба Андреев аз воқеаҳои дар сафараш рӯйдода каме суҳбат карду аз дар берун шуд ва садои дашному кашокашро шунид. Чор-панҷ нафарро дошта, ба даруни бино дароварданд. Ҳама захми корд бардоштаанд.

Дар берун ҳангоми говгум аст. Ҷанговарон дар ҳар тараф гурӯҳ-гурӯҳ мунозираю муноқиша доранд.

Чернов аз Муҳаммадшариф фаҳмид, ки байни ҷавонбухориҳо ва коммунистҳо баҳс шудааст: қисме аз ҷавонбухориҳо бар он ақида будааст, ки даромада гӯянд: «ба шаҳр бомбапартоиро бас кунед!» Қисми ҷавонбухориҳои аъзои фирқа пеши роҳашонро мегиранд ва мешавад ҷанг. Дар гиребонгирию кордзанӣ мешаванд, ки тирпаронӣ карда, ҷудошон мекунанд.

  • Шаҳр бисёр вайрон шудааст? — пурсид Чернов.
  • Бисёр вайронӣ кардаанд. Хонаҳо ва биноҳо месӯзанду касе хомӯш намекунад.
  • Пас чаро намояндаҳои шаҳр намеоянду мағлубияташонро ба гардан намегиранд? — пурсид Чернов.
  • Агар ҳама пешвоҳо гурехта бошанд, касе нест, ки ин корро ба гардан бигирад.

Чернов ба тасдиқ сар ҷунбонд ва фикр кард, ки агар аз шаҳр рафтани амиру аскараш рост бошад, шояд ҳуҷумро манъ мекунанд? Ва дарҳол аз фикраш гашт. Рубенов ҳақ. Ин кори ношуданист. Ҷабҳаи фармон гирифтаю омадашуда мисли кӯли бузургест, ки аз ҷояш канда шудааст. Мешавад, ки ӯро нигоҳ дорӣ? Амир рафтааст ё не, кӯшун даромада нақшаи «тӯфони шадиди садою тиру дуд»-ро фароҳам меорад ва ба сардори ҷабҳа, Фрунзе, ки дар Самарқанд аст, «фармон иҷро шуд!» гуфта хабар медиҳанд, пас ҷонашон халос. Қоидаи ҷанг чунин аст.

Рӯзе, ки Мирзоумед ба Бухоро даромад, ҳанӯз шаҳр ором буд. Ҳамсояҳо хабар доданд, ки дами чоштгоҳ, дар болои шаҳр ду аэроплан пайдо шуда варақаҳо партофтанд, ки чунин навиштаҳо доштанд: «Бародарон, мардуми Бухорои Шариф, рӯзу соати инқилоб фаро расид! Мо ҳама яктану якҷон шуда, амиру амирзодаҳои хунхорро аз сари роҳ гирифта, зиндагии озоду зебо месозем! Обу хоку саҳроҳои ватанро, ки манғитҳои касофат бо хешу табору домоду кудою андаҳояшон чун мори ҳафтсар печондаю аз худ кардаанд, аз дасташон кашида мегирем. Байтулмолро, ки сарфи сафарҳои бемаънӣ ва айшу ишраташон

пешина
аз 613
навбатӣ