Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Мирзоумед аз гуфтугузори навкарҳо ҳайрон шуд. Ба хона нону мева оварду зиёд истода натавониста, боз ҷониби бозор рафт. Он ҷо аз ҳама гапу ҳарф огоҳ мешавӣ. Дар бозор масъулони қозиёт овоз медоданд: «Мардум, рӯзи ҷиҳод аст! Ҷих-о-д! Ҷих-о-д фарз шуд!»
Дар даромадгоҳи бозор чанд ҳаводори ҷанг ҷамъ омаданд. Ҷавони сиёҳандоме тоқии сурх бар сар ҳар замон ҳангома оростаю садо баланд мекард: «Ман ба ҷанг меравам! Ҳаст ба ҷанг мерафтагӣ?... Ҳой, ки ҳамроҳ мешавад?..»
Ҳоло овози «б-о-м, б-о-м»-и тӯпҳо ва «трат, трат та-та»-и пулемиётҳо зиёд шудаанд, вале мардум ҳамчунон дар кӯчаҳо бепарво гаштугузор доранд. Дар бозор ҳам доду гирифт дар ҷӯш. Мирзоумедро дилвасеъгии мардуми шаҳр ҳайрон кард. Оё фикр намекунанд, ки болшевик ба мардуми Фаргонаю Хуҷанду атроф чӣ чафо кард. Ё аз он ки ҷавонбухориҳошон ҳамроҳи урус ҳастанд, дилпуранд? Қариби нимрӯз садоҳои «Муждагонӣ диҳед! Шодиёна диҳед!» шунида шуду хабар омад, ки аскари куффорро зада-зада бо роҳи омадааш пас гардондаанд. Қадар тӯпу пулемиётҳояшонро ғанимат гирифтаанд!
– Аскарашонро ҳам асир гирифта бошанд? - баъзеҳо кунҷковӣ мекунанд.
– Модом ки зада пас гардондаанд, албатта асир ҳам мегиранд,- изҳор кард марде.
Ин хабарҳо мардумро рӯҳбаланд кард, садои мужда медодагию сафи ба ҷанг мерафтагиҳо афзуд. Дере нагузашта як гурӯҳ белу шоҳа дар даст пайдо шуданд. Аз паси онҳо аз ҷониби мадрасаи Шаҳрисабз як гурӯҳ муллобачаҳо бо белу зоғнӯл гавғокунон омаданд: мегуфтанд, мисле ки Колесов ба Бухоро зада даромаданӣ шуду роҳи поездашро кадем ва бе дасту по монд, ҳамчунон мекунем!. Ҷони чин дар даруни кӯза бошад, ҷони рус дар даруни поездваш!
Ин овозаю ҳангомаҳо Мирзоумедро хурсанд карданд. «Чӣ хуб шудааст, ки болшевикони гушнапурзӯрро зада аз шаҳр берун кардаанд. Дар ватанамон намонданд, ки зиндагӣ кунем, ақаллан дар ин ҷо рӯз бинем. Раҳмат ба амир, ки Бухороро ҳимоят мекунад. Агар ёрӣ лозим шавад ёрӣ кардан лозим. Ӯ ҳам ба тамошобинҳо ҳамроҳ шуда, ҷониби майдон рафт, то ки асирони сарҳаму сарафкандаи болшевикро бо чашмаш бинад. Бинед, ки он савламанду ғурурмандҳо акнун чӣ ҳолат доранд? Мирзоумед ба аробае ки ба ҳамон тараф мерафт, савор шуд. Ба ҳамсоямаш Нусрати нонвой ҳамроҳ шуд. Аз дур дида мешуд, ки назди дарвоза одам бисёр аст. Ва ҳамчунин маълум буд, ки ҳар ҷониби тамошобинҳо ҷамъ меоянд. Тамошобинҳо қисме ҷониби дарвоза рафтанд, Мирзоуведу ҳамсояаш аз байни дарахтони ҷавони зардшуда гузашта, ба девор баробар шуданд. Девор аз дохил мисли теппа менамуд. Дар давоми солҳои зиёд он мисли гир сахт шудааст. Ҷои зина мебарояд. Аз байнаш роҳи аробагард мегузарад. Аммо аз берун рост аст. Баландиаш даҳ метр, ҷое зиёдтар аст. Онҳо зуд ба роҳи мобайн баромаданд. Он ҷо ароба паси ҳам истодаанд. Се нафар чарҳи аробаи пешро дуруст мекунанд. Аспҳо сум задаю бинӣ афшонда бетоқатӣ мекарданд. Дар болои ду аробаи ақиб мурдаҳои ҷавонон хобанд, аробаҳо хунолуд... Ҷавоне рӯболо хобонда, чашмаш кушода. Бо рӯймол ҳам манах, ҳам саллаи сараш бастагӣ. Шояд ҳабдаҳ ҳаждаҳсола аст. Маълум буд, ки онҳо дар тори девор тир хӯрдаанд. Мирзоумед аввалин маротиба дар ҳамин ҷо нафаси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё