Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

чӣ!» - гуфту ба тамоми қувват онро ҳаво дод, ки ба поин афтида, ғелида, ба таруни алафҳои зардшудаи домани девор даромада рафт.

– Хуб кардӣ, беҳуда вақтата мегирад, - гуфт ҷавони сафедчеҳра. Ва ҷониби Мирзоумед шикоят кард: - Русҳо аз поён мепаронанд, тирашон аз мо гузашта меравад. Мо аз боло мепаронем тирамон немерасад. Ӯ косаи оби рафиқаш додаро ҳарисона то охир дам кашид ва ҷониби машкоб илова кард: - Амак, корҳои мо кирои оворагии шумо намекунанд.

Мирзоумед рост шуда, аз паси камингоҳ ба поён нигарист ва дар ҳайрат монд. Аз дилаш гузашт, ки овозаҳои «ғалаба кардем, асир гирифтем» дурӯғанд. Дар саҳни беруни дарвоза чанд савора беҳуда аспҳоро ин тарафу он тараф метезонанд. Шояд қосидонанд? Се-чор аробаи чаппаю шикаста хобанд. Ду-се аспи кайҳо мурда пойҳояшонро мили ғавчуб дароз кардаанд. Яке беҳад калон менамояд, шояд варам кардааст. Дар рӯбарӯи дарвоза гӯристон тӯл кашидааст. Дар домани гӯристон чанг меравад. Дастаҳо чангкунон гоҳ даруни гӯристон медароянду гоҳ берун мебароянд. Аспҳо ба сари ҳамдигар меситезанд. Сарбозҳо бо аспҳо калапо мешаванд. Садои шиҳаи аспҳою фарёди сарбозҳо ба ҳам мепеҷад. Аз атроф ва поёни дашт беист садои шиликпаронӣ ва тра-та-та-и пулемиёт меояд. Аз девор бист метр онсутар роҳи калон мегузарад. Он ҷо мурдаи аспу одамонро мебинӣ. Баъзе аспҳо кӯшиши хестан мекунанду наметавонанд. Сарбозҳои рус баҳузур равуо доранд.

– Сарро баланд накунед! - огоҳ кард ҷавони сафедчеҳра. - Ҳоло дафъаи сеюм аст, ки ин гӯристону дарвоза аз даст ба даст мегузарад.

– Ин не, вай не, большевики бачағарро ҳеҷ задед? - Машкоб чорукҳояфро бафурча кашида дар паҳлӯяш ниҳод.

– Задем амак, - ҷавони чашмкабут ришханд кард.

– Саллотҳо гурехтанд ё дар ҳамин ҷойҳоянд? - Машкоб пайтобаҳои шип-шилта таршудаашро фишурда, ба даст пойҳояшро пок кард, чорукҳоро бе пайтоба пӯшида, «ё Баҳоваддини балогардон, вақти мадад аст», - гуфту бор дар пушт зӯр зада хест ва ба муллобачаи чашмкабут зеҳн монда пурсид. - Онҳо боз меоянд?

– Гуфтем-ку, се дафъа шуд, ки лашкари мо онҳоро мезанад... Шояд боз оянд. Инҳо беҳад ҷонсахтанд.

– Худатон ягон нафарро задед?

  • Дафъаи аввал, ҳангоме ки ақиб гурехта аз дарвоза мебаромаданд, якчанд ғишт канда ба сарашон ҳаво додам. Он ғиштҳо агар расида бошанд, ҳоло онҳо дар ҷӯши олови дӯзах вой-вой доранд.

– Занед, ба фарёду фигонашон нигоҳ накарда занед! Аз ин ҷо дур кунед! Агар афтидед, аз таг истода чашмонашона канед, лекин шаҳрамона надиҳед! - фармуд машкоб ва ду-се қадам поинтар фуромада, бо оҳанги маломат «аз дасти ман тирпаронӣ наояд» гуфта, бо қадамҳои шумурда аз пайраҳои сари девор роҳашро давом дод.

Ҷавони саллаи фарсуда дошта, аз паси машкоб бо тамасхур ғур-ғур кард. «Ҳамаи шумоён ба маслиҳат додан усто!»

пешина
аз 613
навбатӣ