Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Тамошо карда шудам, меравам, ки аз корам мемонам, — гуфт Нусрат ва ба роҳи омада поин шуд.
Мирзоумед дар оҳанги сухани Нусрат киноя ҳис кард ва боз сар баланд карда, ба корзор зеҳн монд. Аспи сафедеро дид, ки лаҷомаш кашол ба шаст тохта зери девор омад. Дар таги девор аспҳои дигар ҳам ҳастанд. Панҷ асп, яккачин, ҳама абзори зебо доранд. Яқин аспҳое мебошанд, ки соҳибонашон дар майдони ҷанг афтиданд. Дар атрофи каппаҳои поинӣ қабристон низ чанд асп дар гаштугузоранд. Сипас мӯйсафедеро дид, ки аз дарвоза берун шуда, болои аробаи чаппа баромада, бо овози баланд азон гуфт. Яқин ин бечора мӯътакил аст, ки садои азон ба навкарҳо нерӯ мебахшад.
Ҷавони чашмкабуд азонро шунида, паҳлӯи Мирзоумед истода гуфт:
— Ин мард дар масҷиди гузари Чақари Султон муаззин аст. Ҳар соат азон мегӯяд. Пагоҳӣ ҷанговаронро «шоҳинҳо, вақти мардию ҳаминият нишон додани аст!» гуфта хуб дилбардорӣ кард.
Ин дам марди сурхрӯи деҳқоннусхае нони гарм ва хурмаи чурғот овард ва ҳиш-ҳиш кардаю тез-тез нафас гирифта, хонаи гилини поини деворро нишон дода, бо таъкид ва меҳрубонӣ гуфт: «Ин хонаи ман аст. Агар чизе лозим шавад, хабар диҳед.» Ва як бастаи дигарро, ки низ нону хурмаи чурғот дошт, ба гурӯҳи дигар бурд.
— Модом ки ин ҷо ҳар лаҳза обу хӯрок биёранд, ман ҳамроҳатон меистам, — шӯхӣ кард Мирзоумед.
Ӯ ба тарафи рост назар афканда дид, ки мардуми шаҳр назди гурӯҳҳои дигар ҳам обу нон мебаранд. Ҳоло онҳо зиёд шудаю тез-тез ҳаракат доранд.
Мисле ки мурчаҳо равуо мекунанд. Ва ҳамзамон мушоҳида кард, ки қисмҳои ҳарбӣ дар он тарафҳо низ тӯл кашида мераванд. «Ин бетавфиқҳо хуб ҳам омада будаанд-дия».
Дере нагузашта ба тарафи сурхҳо боз қувваи нав омад. Яқин аз роҳи дур омадаанд, ки аспҳояшонро қамчинкорӣ карда, ба зӯрӣ метозонанд. Нав қабристонро бурида гузаштанӣ буданд, ки садои тӯппарронӣ баланд шуду дар пешрӯи даста ғулбай ҷанг хест. Се-чор асп бо саворонашон каллапо шуданд. Аспи майгуне хеста, мисли бод ҷониби дарвоза давид. Даста дигар пеш наомад. Аспҳоро лӯка занонда, ба роҳи омадаашон баргаштанд. Аз ҷониби муҳофизони болои девор ду ҷавон тохта ҷониби дарвоза фуромаданд. Яке хабар расонд, ки одамони худамон саллотҳоро заданд! Аз соҳили дарёи Зарафшон бо тӯп заданд!
Даста ҳанӯз паноҳ нашуда, аз ҷониби дарвозаи Талипоч як гурӯҳ навкарҳо савори аспҳои тезтак расида омада, гурӯҳи дар қабристон ҷангкардаистодаи душманро дар ҳалқа гирифтанд. Вале сурхҳо зуд аз ҳалқа баромада, рӯ ба гӯрез ниҳоданд. Муҳофизони тори девор нидоҳои шодию хурсандӣ бардоштанд.
Мирзоумед ҳам ғарқи дарёи эҳсосот фарёд мезад. «Шаҳбозҳо, занед! Занед!
Намонед!»
Як қисми одамони сари девор ба пешвози навкарҳо фуромаданд. Баъзе
медаванд, баъзе оҳиста қадам мемонанд. Аспҳои хасташудаи навкарҳо қафки
сап-сафеди байни пойҳошон резон-резон базӯр калавида роҳ мераванд. Садои
ба ҳам хӯрдани узангуҳо шунида мешавад. Дар назди дарвозабонҳо қисме аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё