Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Навкарҳо об ёфта нӯшиданд, қисми дигар чанд дона тарбузи назди қаровулхона тӯда кардаро ба ҳам задаю саросема ба хӯрдан шурӯъ карданд. Қисме амиру атрофиёнашро дашном дода, роҳи хонаро пеш гирифтанд.
Мирзоумед низ ғалтидаю хеста аз девор фуромад ва шоҳиди гуфтугӯи Абдуҷалоли тӯпчибошӣ ва марди тануманди сурхрӯю шуд:
– Чаро об нест, ки сарбозҳои дар ҷанг сӯхта омада ҳалқашонро тар кунанд? – мегуфт рӯсурх ба шиддат. – Рӯзи тобистон бегоҳ шуду чаро то ҳол хӯрок нест? Чаро то ҳол раису қозию амир ин тараф намеоянд? Намепурсанд, ки аскари субҳ ба ҷанг рафта мурд ё зинда? Сараскарҳо Имомқулу Баротқулу «кул»-ҳои дигар ба баҳонаи ҳимояи амирашон аз даруни боғ берун намебароянд?! Шояд маслиҳат доранд, ки агар аскар бой диҳад, аз кадом роҳ ба кадом гӯр гурезанд?!
– Онҳо садқаи номи сараскар шаванд, – гуфт Абдуҷалол. – Ҳозир рафта вазъи кор ва суханҳои шуморо ба амир мерасонам. Худам ҳам гуфтаниҳо дорам...
– Ба амир мерасонед! – писханд кард рӯсурх ва ба навкарҳои дар атрофи Абдуҷалол ҷамъомада нигариста, ба суханаш идома дод: – Ба хаёлатон, аз дасти он кундаи ҷувоз коре меояд? Ақлаш мегирад, ки чорае андешад?
– Махсум, дар ҳаққи амир бадгӯй накунед. Амир одами хуб. Атрофиёнаш қаллобу муттаҳаманд...
– Ҳама мегӯянд: худаш хуб! – Сурхрӯ бештар дар ғазаб шуд. – Дузди калони алайҳилаъна, касофату к... фурӯш худаш! Худаш, ки пасту нокасу бетамиз аст, дар атрофаш мисли худаш бадзоту нодидаҳоро ҷамъ кардааст! Ватанро бадному сари мардуми ба номусу озодаро паст кард. Навкарҳо нақл карданд, ки амир пагоҳӣ ба шаҳр даромадани аскари болшевикро шунида, ҷойи он ки сухане гуфта моро рӯҳбаланд кунад, фиқ-фиқ гиря карда, оби бинӣ пок мекард. Сардастаҳояш низ баробараш гиря кардаанд. Тиллои асрҳо ҷамъкарда так ба так хоб рафтаасту фаросат накард, ки як муштиамон диҳад. Мабодо сари тир шавем, фарзандҳоямон аз гуруснагӣ мемиранд. Абдуҷалол, ба ӯ расонед: пагоҳ ё фардо он ҳама ҷамъкардаҳои худашу обову додояшро урусмужикҳо соҳибӣ хоҳанд кард. Ҳарамашро ҳам байни худ тақсим мекунанд!
Абдуҷалол ҳарчанд «Махсум, ба суханам гӯш кунед», – гуфт, Сурхрӯ эътибор надода, аспро лӯка занонда рафт.
Абдуҷалол низ дар қаҳр шуда, аспро тозиёна зада, бо тамоми овоз фарёд зад ба Сурхрӯ шунавонда гуфт:
– Дар ин бадбахтии ба сари шаҳр омада, шумо ҷадидҳо ҳам шарикед, рӯзе мерасад, ки ҷавоб мегӯед!
Мирзоумед ба хона омад. Ӯ аз ин гирумону гуфтугузорҳо ҳамин қадар фаҳмид, ки ҳоло ҳеҷ гуна ғалаба вуҷуд надорад. Ҳоло боз ҷанг мешудааст. Мардуми шаҳр, ба истиснои як қисми ҷадидҳо, мегӯянд, ки то ҷон доранд, шаҳрашонро ҳимоя мекунанд, болшевико бошанд, аскару силоҳи бисёре овардаанд, ки шаҳрро бигиранд.
– Ба хонаи Мирзоумед расидем, – Мансур ҳавлии атрофаш похсадорро ба Ҷовид нишон дод: – ин ҷо гузари Мехчагарони Бухорост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё