Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

бошад, аввал оҳиста, пас тез-тез қадам зада омад. -Ин вохӯриро бинед, ман баъди дуним сол ду рӯз пеш омадаму шумо ҳам расидед,- гуфт.

  • Дилам мегуфт, ки дар ҳамин ҷоед, - Мансур дасти рафиқашро лаҳзае дошт ва аз дилаш гузашт, ки аз он Низомҷони пурҷӯшу хурӯш нимаш намондааст. Вай парешону ошуфта асту ин ҳолро базӯр аз Мансур пинҳон медорад. Шояд аз аҳволи шаҳру мардумаш хавотир аст. Онҳо рӯйи кати ҳавлии барҳаво ва гулкоришуда нишастанд. Духтарчаи ҳафт-ҳашт солаи сафедрӯе, ки аз болои кокулҳои майда бофтааш тоқии сурх пӯшида буд, болишт оварда ба падар доду ҳар ду даст ба сина ниҳода ба Мансур салом дод. Тоқӣ дар сараш калонӣ мекард.

  • Ин Садафи мо,- гуфт Низом-махдум.- кенчагӣ.

Мансур мушоҳида кард, ки Низом-махдум ба чеҳрааш зеҳн мемонад. Фаҳмид, ки ӯ ҳам аз харобу адо шудани Мансур фикр дорад. Баъди ҳолпурсии маъмулӣ Низом-махдум аз ҳавлии дарун ҷавони навҳатеро даъват карда гуфт:

  • Шарифҷон, мо ҳамроҳи амакат ба хонаи додарам рафта, фотиҳа хонда меоем. Ту дар хона ҷой тайёр карда, дастархон парто. - Ва ҷониби Мансур гуфт: - Ин писари калонӣ, боз яке хурдӣ ҳаст, номаш Камолҷон. - Кӯча, ки баромаданд, илова кард: - Ман нав аз ҷанг баргаштам. Имрӯз ҷанг дар назди дарвозаи Шайх Ҷалол буд. Дастае дарвозаро бо тӯп задаю даромаданӣ шуд, ки намондем. Бо пулемётшон хеле одамро зада нобуд карданд. Лекин намондем, ки қадами наҳсашонро дарун монанд. - Ӯ каме хомӯш истоду илова кард: - Аламат мекунад, ки ақаллан камони дуруст надорем. Ақли ин амири кунда нагирифтааст, ки ҷанги ин замона бе камону пулемиёт намешавад. Лаҳзае пас афзуд: - Дарди ҳарина. Дар зери назорати русҳо ки буд, намемонданд.

  • Минбаъд ман ҳам дар паҳлӯятон,- гуфт Мансур бо оҳанги шӯхӣ.

  • Шумо бошед, мо дилпуртар. - Низом-махдум бо дард табассум кард: - Дирӯз дар мо мусибати сахт рӯй дод. Дар паҳлӯи хонаи бародарам бинои «Ширкат-Баракат» ҳаст. Болои ҳамон бомба партофтанд. Аз қазо духтари ҳабдаҳсолаи бародарам, ки рӯйи заминашон чи коре мекардаст ё ба тамошои аэроплан баромадаст, захмӣ шудаву мурд.

Мансур бо таАССУФ сар ҷунбонд: - Доғи фарзанд ҷонсӯз аст, - гуфт ва қарор дод, ки дар хонаи Низом-махдум зиёд наистад. Ба болои чунин мусибат бори зиёдатӣ шудан хуб нест.

Онҳо аз назди масҷиде, ки нимаш фурӯ рафтаю нимаш оташ гирифтааст, гузаштанд. Дар ҷониби рост ҳам биное месӯхт. Дар атрофи масҷид гурӯҳи одамон даву тоз доштанд. Баъзеҳо даҳону биниро бастаанд. Бӯйи дуду чангу чизҳои сӯхта атрофро фаро гирифта буд. Вассаю болорҳои гулпартофта бо хоку хун омехтаанд. Дар атроф аз гилему намадҳои оташгирифтаю обзада дуди ғализи сафедранг боло меояду касро гулӯгир мекунад. Одамон ба ҷойҳои оташгирифта хок мепошиданд. Садои қарс-қарс сӯхтани болорҳо шунида мешуд. Мӯйсафеде, ки сараш луч, дар даст табақи зардранги чӯбин, байни ғишту чӯбҳо гашта китоб ва боз ким-чиҳое ҷамъ мекарду гиряолуд суханҳое мегуфт, ки фаҳмида намешуд.

  • Имрӯз дар шаҳр дувоздаҳ масҷидро бомбаборон карданд, - гуфт Низом-махдум ва сахт-сахт сулфида илова кард: - Дар аксари ин масҷидҳо бо фармони амир ҳафтнатаририю нӯҳнафарӣ аъламҳо ва домуллоҳои номдор ҳафт рӯз боз, дар
пешина
аз 613
навбатӣ