Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

баъзеашон қариб як моҳ шуд, ки чаҳорхонию дуои фотиҳахонӣ мекардаанд, ки тиру туфанги душман ба Бухоро таъсир накунад. Ҳамаи он бечораҳо зери хок монда, шаҳид шудаанд. Дуртар аз Минораи калони Бухоро масҷиде будааст ба номи Масҷиди Кӯҳна, ки китоби бисёр доштааст. Баъзе китобҳоро ҳазорон сол пеш ҳоҷиҳо аз ҳаҷ тӯҳфа оварда будаанд. Ҳамчунон китобҳои бо соядасти «барои дӯстони Бухороиям» тӯҳфа кардаи Ибни Сино, Умари Хайём, девони ғазалҳои Хоҷа Ҳофизу шайх Камол низ ба доми оташ рафтаанд.

— Ҳини ин тараф омаданам масҷиди калони Лаби Ҳавз ва масҷиди Мавлоно Шарифро дидам, ки хоку туроб шудаанд, — гуфт Мансур. — Аз масҷиди Мавлоно Шариф мурдаҳоро мебароварданд. Гуфтанд, ки ин ҷо домулло Мӯҳиддини Раштӣ бо нӯҳ шогирдашон бисту як рӯз шудааст, ки чилланишин будаанд.

— Ин аст ҳоли зори мо, — гуфт Низоммахдум ва қадамашро тезтар карда бо оҳанги дигар гуфт: — Ба муллоҳомон садқа шавам, айби худашон ҳам ҳаст. Дар лаҳзае, ки замину осмон месӯзаду менолад, яктааш мард шуда сухани ҳақро нагуфт, нагуфт, ки ҳӯй амир Олим, мо аз он муллоҳоне нестем, ки ҳалқамоне тоза бошаду суханамон коргар! Хубаш ин, ки ними хазинаатро бидеҳу аслиҳаро биҳар, ними дигарашро сарф куну кӯрхонаи тиру камону пулемёт бисоз. Боқӣ бақои мову ту дар ҳамин аст.

Ба ёди Мансур суханони Муллоносир омаданд, ки дар корвонсарои Қаровулбозор гуфта буд: «Бухороро фариштагон бо ёкуту марҷон оростаанд, тасбеҳу такбир гуфта, ба арасот биёранд. Аз барои он, ки Бухоро дар он рӯз фарқ кунад, бо бисёрии шаҳид.» Фикр кард, ки дар ҳақиқат ин шаҳр куштани бисёр дорад. Соли гузашта дами панҷсад нафар ислоҳотхоҳонро амир аз дами теғ гузаронд. Онҳоро ҳам мегуфтанд, ки шаҳид шуданд. Дар ин арасоти инқилоб шумори шаҳидон чӣ қадар шавад?... Пас маълум мешавад, ки ба он ҳадису ривоятҳо шак оварданд аз рӯи кӯтоҳию нодонӣ будааст.

Ҳарду муддате уҳ-уҳ сулфидаю қадам заданду Низом - махдум гуфт:
— Ин пагоҳӣ амир як гурӯҳро элчӣ фиристода, хостгори сулҳ шудааст. То ин ҳол аз онҳо дарак набудааст.

— Шояд парондандашон. Аз дасти ин мужикболшевиқҳои бадаъмол меояд, — гуфт Мансур.

Онҳо дар азохона зиёд наистода баргаштанд. Аз назари Мансури зирак дур намонд, ки он ҷо ба Низом - махдуму меҳмонаш бо беэътиноӣ муносибат карданд. Ин ҳолат қарори наистода рафтанашро тезонд.

Раҳораҳ Низом-махдум ба бинои Ширкат - баракат ишорат карда гуфт:
— Дар инҷо ширкати русҳо буд. Онҳо ҳанӯз аз замони амирии Абдулаҳадхон кор мекарданд. Ба хариду фурӯши пӯсти қарокул машғул будаанд. Ҳамроҳашон чанд ҷавони Чорҷӯй ҳам кор мекард. Пӯстро аз тумонҳо ҷамъ меоварданд. Аз моли амир Олимхон ҳам мехариданд. Солҳои охир корашон ривоҷ ёфту аз беруни шаҳр боз ду анбор сохтанд ва пахта ҳам мехаридагӣ шуданд. Онҳо ба ивази пӯсту пахта бештар мол медоданд: аз қабили ҳар гуна газвор, мӯзаву маҳсиашонро амирқоӣ мегуфтанд. Гилеми Қазон меоварданд. Соле ки дар Русия инқилоб мешавад ва як соли пас ҳам, мардум ба ивази молашон хӯрокворӣ, рӯғану чой ва гандум талаб мекунанд. Одамони ширкат розӣ мешаванд. Пӯструм

пешина
аз 613
навбатӣ