Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Овозаҳо буданд, ки аз одамон пул гирифта, фиреб мекардааст.
– Бале! Имрӯз Худованди ҳамабин сазояро дод. Кордзании ман сабаб дошт, – суханашро идома дод Мансур. – Ба бозор барои зини асп даромадам, ки ба он кофир чашмам афтид. Дар танаш мундири ялаққосӣ, аз болояш тасма ва наганаш намоёну бо як худашмонанд ҳарду масти аласт, дасташон ба гардани ҳамдигар, гоҳе баланд шеър мехонанд, гоҳе аз назди фурӯшандаҳо рафта аз молашон бе пурсиш гирифта, ба даҳон мебаранд. Ва боз назди дигаре рафта, пӯписа мекунанд: «Чанд сӯм мефурӯшӣ? Арзон кун! Нархи молат фалон!» Ба кирдорашон зеҳн мондаму ба дилам омад, ки ин кофирҳо аз ҳад гузаронданд, бояд адабашонро дод. Ҳамин вақт шайх Аҳмад дар дасташ нону қаймоқ дар бозор пайдо шуд. Ин мастҳо пеши роҳашро гирифта ба лаҳни худашон ким-чиҳое гуфтанду Чуриков саллаи шайхро гирифта ба сараш монд ва қаҳ-қаҳ зада хандид. Дигаре яқтаҳашро кашиданӣ шуду шайх намонд. Кашокашӣ карданд. Шайх косаи қаймоқро ба сари ҳамроҳи Чуриков зад. Аз ман пештар Зариф расиду ӯро зада афтонд. Чуриков туфангчаашро гирифт, ки ман расида кордро ба шикамаш доштам. Кори шудагӣ ҳамин.
«Сагро аҷалаш расад, дар девори масжид мемезад». Кош намуранд, вагарна ин кофирҳо барои тарсондани чашми мардум корҳои бад мекунанд.
– Корҳои бадро панҷоҳ сол боз мекунанд. Аз Русия мужикҳои худашонро оварда, замин медиҳанд, дар паҳлуи шаҳрҳои мо шаҳрҳо месозанд: Самарқанди нав, Тошканди нав, Хӯқанди нав сохтанд. Қад-қади роҳи оҳан барои разияти худашон деҳаҳо месозанд. Як маротиба ба шаҳри нав равед, мебинед, ки барои худашон мактабу беморхона, калисо ва боз чиҳое сохтанд. Андози «земски сбор»-ро аз халқи мо ҷамъ мекунанду бароямон як масжид насохтанд, хуб ба масжид хуш надоданд, як мактаб ҳам напӯшиданд.
Ҳоҷӣ Неъмат пешонияшро чин карда, ба тариқи маслиҳат гуфт:
– Кӯчаи бозорро сангфарш карданд! Заводи шишабарорӣ, заводи пӯст сох-танд! Хеле ободиҳо карданд. Рус ин заминро зада гирифт, ки бароиш фоида биёрад, на ин ки барои ману шумо масжиду мактаб созад.
– Мо хап истем, бадтар мекунанд, – гуфт Мансур. Ва пеши назараш воқеаи пагоҳӣ рухдода омад. Часпу талошашон ба ду дақиқа ҳам накашидааст. Ҳамроҳи Чуриков аз ду зарбаи сангини Зариф афтиду бе даму дуд шуд. Чуриков беҳолона ба паҳлӯяш ба ҷои корд дасташро гузошта хунро доштани мешуду хун наме-истод. Дарҳол аз байнашон нафаре, ароба ёфтаю маҷрӯҳонро бор карда, го-спиталшон бурданд. Пас аз он ки ароба рафт, Мансур ба чӯйбори таги девори бозор рафта корду ғилофашро шуст. Баъзе ҳамсояҳо норозиёна, баъзеҳо бо таҳсин дуздида ба ӯ менигаристанд. Ба кор дигар дасту дилаш нарафт, дари дӯконро басту хона омад.
– Ҳоло мо ба инҳо посанг шуда наметавонем, Мансурбой. – Ҳоҷӣ Неъмат ба садои ғиҷирроси аробае, ки аз кӯча мегузашт, гӯш дода афзуд: – Губурнотурашон фаҳмад, ки айб аз худашон гузаштааст, шояд сахт нагирад.
– Агар дар он вазъият кӯракӣ зада гузашта мерафтам, бешарафӣ, беимонӣ мешуд.
– Ҳоҷӣ Неъмат ба тасдиқ сар ҷунбонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё