Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Дар аввал «урус омад, дуруст омад», мегуфтанд. Пас чунин корҳоро карданд, ки мардум аз онҳо рӯй гардонданд. Бо ғуруру такаббур рафтор мекардагӣ шуданд.

Ҳоҷӣ Неъмат зинаҳоро сарозер шуда илова кард:

  • Мансурбой, шумо кӯча камтар бароед. Ягон хабар шуд, ман мерасонам. Тарафи офтобзард хабар овард.

  • Руси кордхӯрда мурдааст. Ҳоли дигараш ҳам вазнин будааст. Зариф ва боз якчанд дӯкондори бозорро бурда ҳабс кардаанд. Он тарафро худатон қиёс кунед.

  • Мурдааст?! - Мансур, бо овози дигаршуда гуфт: - Ман ӯро ба мақсади куштан корд назадам.

  • Лекин ин суханро кӣ гӯш мекунад?

  • Мансур ба хавотирӣ ба девори атрофи ҳавлӣ нигарист ва дақиқае пас гуфт: - Аз худам парво надорам, аз бачаҳо хавотирам.

Ҳарду муддате хомӯш монданд, пас Мансур гуфт:

  • Амак, ин воқеаро занам нафаҳмад, хуб аст. То бегоҳ аспатонро гирам?
  • Як ҳафта гиред. Асп бекор.

Мансур ними шаб омад. Ҳамроҳаш як аспи саманд ҳам овард.
Субҳидам Бибигул бачаҳоро бедор карда, либос пӯшонд.

  • Гӯед, куҷо меравем? - гаштаву баргашта мепурсиданд бачаҳо. Вале баъди он ки чашмони модарро ашколуд диданд, хомӯш шуданд.

Баҳодур ҳамроҳи падар чизҳои лозимиро назди дар ҷамъ мекунад. Он замон одамон моли бисёр надоштанд. Якчанд кӯрпаю тахтапӯст, хуми дудастае, ки гӯшти кабоб дорад ва сандуқи либосу анҷомҳои ороишу занонаро назди дар оварданд.

  • Фақат чизҳои зарурро гиред, - таъкид кард Мансур. - Бори аробаро вазнин намекунем. Ман баъди як ҳафта боз меоям.

Бибигул ба гапи шавҳар гӯш накарда, як баста табақ, чойнику пиёла, ду офтобаи тиллодавонда ва чор гилеми нави дастибофтро бардошта оварда, ба итоб, “ман ин гилемҳоро барои мушҳо бофтаам!” - гуфт.
Мансур хомӯш буданро авло дониста, берун баромад.

Ҳамсояҳо Мансурро «чилои ватан кардан хосият надорад», - гуфта аз роҳ гардонданӣ мешаванд; бештар Намозбой кӯшиш мекунад: «Ҳамсояи дилпурамон шумоед,» мегӯяд.

  • Дар ин шаҳри ба дасти кофирҳо афтада ва бефайзу фатарот шуда як соат ҳам намеистам!-гуфт Мансур.

  • Кофирҳо ба роҳи худашону мо ба роҳи худамон.

  • Ҳар кас ба роҳи худ мешуд, хуб буд. Инҳо роҳи маро гирифтанд. Кадом рӯз омада, писарамро ба кори армияашон бурданӣ шуданд, аспамро дода халос кардам. Пагоҳ барои бурдани худам оянд, дигар чизи медодагӣ надорам! - Зимни гуфтугӯ Мансур ба корҳои занаш зеҳн мемонд. Ӯ якчанд калоба ва пӯстину чакмани дар таги кӯрпаҷа қат карда мондаи Мансурро оварда болои асбобҳо монд.

  • Бору бунашон бастагӣ. Дигар монеъ шуда наметавонем,- ба байн даромад ҳоҷӣ Неъмат.- Монед, як сайр кунанд, аммо баъди се-чор моҳ баргарданд.

пешина
аз 613
навбатӣ