Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Китобҳояш хусусан «Роҳбари наҷот», «Оила ё худ вазифаи хонадорӣ» лаб ба дасти мардум мегашт. Он рӯз аз Самарқанду Хуҷанду Фарғона ҳаводорони омаданд. Баҳсу мунозираҳои бисёр кардем. Фитрат дар суханрониаш гуфт: — бародаррон, бечоранолӣ накунед. Мо мактаби бузургеро гузаштем. Мо баъди ин воқеа фаҳмидем, ки бо амир Олимхон ягон талабу дархостамонро бо маслиҳати мадоро анҷом дода наметавонем. Мо фаҳмидем, ки амиру муллоҳои нодон бо мо ҳеҷ гоҳ ҳамдаму ҳамфикр намешаванд. Ниҳоят, мо фаҳмидем, ки як роҳ дорем — аз дасти ин ду тоифаи нолоиқу шикамбора Бухороро ба зӯрӣ зада мугирем, пас андешаву афкори мардумро дигар мекунем. Ягон нафар суханашро инкор карда натавонист. Фақат баъзеҳо ишора карданд, ки магар мо, як мушт ҷавонони бехонаю дар, як давлати муқтадирро зада метавонем?.. Файзуллоҳ ҳам сухани Фитратро тақвият дода гуфт, ки худамон натавонем, бо ёрии Русия ин кундаро бартараф мекунем.

Ин дам аз таги дарвоза овози гап-гап омаду Низоммаҳдум берун баромад.
Мансур, вақте ки танҳо монд, аввалин маротиба ба хона зеҳн монд: хонаҳои сақфбаланди зебо, ҳавлии деворҳояш гачу гулкорӣ ва боҳашамат. Дар Бухоро чунин ҳавлиҳо бисёр. Агар русҳо зада дароянд, тақдири ин хонаҳо чӣ мешавад?

Низоммаҳдум дар даст чойники чой ҳамроҳи қассобе, ки Мансур аз ӯ гӯшт харида буд, вориди хона шуданд.

– Ин кас ҳамсояамон Раҳим-қассоб, шумо аллакай шинос, – гуфт Низоммаҳдум.

Раҳим як пиёла чой нӯшида, «фармудаатонро ҳоло меоранд», – гуфта бархест.
Низоммаҳдум суханашро идома дод:

– Лекин Файзуллою атрофиёнаш гуфтаашонро карданд. Ба Тошканд рафта, назди сардори ҳукумати шӯравии қисмати Туркистон дарою буро карда, онҳоро моили юриш ба Бухоро карданд. Мегӯянд, ки халқи мазлуми Бухоро чун чӯби дудгирифта аст, бо андак шамол фурӯзон шуда, ҳама бар зидди амир мехезанд.
Фақат дар ҷамъияти мо си ҳазор нафар интизоранд. Аз байн ду ҳафта бештар гузашту дар Когон бо русҳо ҷамъомад гузарондем. Колесов гуфтани марди миёнқаде, ки чеҳраи кушодаи зебо дорад, болшевики кӯҳна ва дар обу оғӯши обутобёфта сардорашон. Ҷамъомад дар ҳавлии яке аз ёрон, ки муқими Когон буд, барпо шуд. Баъзе рӯйи замин нишастаю баъзе рост меистодем. Дар ин машварат рафиқон пайвастани русҳоро дида дилпур шуданд. Файзуллоҳу Колесов вазни сангу тарозуи ду тарафро санҷида аз номи ҷамъомад ба амир чунин талаб, аниқтараш таҳдиднома навишта фиристоданд. «Ҷаноби амир, хоҳиши мо ин аст, ки дар муддати бисту чор соат ислоҳот қабул карда шавад». Ҷавоби Амир ҳамон сухани даҳ сол пеш гуфтааш буд: «Мо ислоҳотро оҳиста-оҳиста мегузаронем»... Рӯзи дигар аз Самарқанду Термез ду дастаи саднафарӣ сарбозони Колесов омаданд. Аз Кушка батарея омад. Аз Когон як баталион ҳамроҳ шуд. Ҳамчунин коргарони роҳи оҳанро низ ҳамроҳ карданду якҷоя бо сесадчил нафар ҷадид наздик ба ҳазор нафар аскар шуд. Ба ҳисоби русҳо 2-юми моҳи март, ки рӯзи сафедабре буд, мо ҷадидҳо пеш-пеш шудаю ба ҷанг даромадем.
Ба қисме камон нарасид. Мо ҳанӯз дар роҳ ҳамдигарро хушдор медодем. Ё бародарҳо ё ғалаба карда умри ба ном мегузаронему хонаю дарамонро аз амир.

пешина
аз 613
навбатӣ