Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
зада мегирем, ё боз чун сагони кӯча кӯ ба кӯю дарбадар мегардем. Ҳамчунин ёдоварӣ мекардем, ки аз пас русҳо моро назорат мекунанд. Нашавад, ки хандасор шавем. Ҷанг дар назди дарвозаи Талипоч шурӯъ шуд. Баъди ҷанг русҳо ёдовар мешуданд, ки мо ба боронии тир нигоҳ накарда пеш давидан ва бо чаҳду шитоб худатонро ба кӯшуни амир заданатонро дида, ҳам таҳсин мегуфтемӯ ҳам механдидем. Мегуфтем, ки ситаму ҷабру ҷафо инҳоро мисли шери аз банд раҳошуда кардааст. Оре, мо ҳоли шери пургазабро доштем. Ман медидам, ки мударриси дирӯза, ки аз мадраса берунро надидааст ё тоҷири аз ватан рондаю хориҳо дида, мисли як сарбози нотарс худро ба дами тиру теғ мезад. Онҳо ба замин меғалтиданду худро ба осонӣ аз даст намедоданд. Дар кадом тарафе, ки аз мо сустӣ мушоҳида мешуд, рафиқони рус ёрӣ медоданд. Ҳамин дипурӣ, ки дар ақибамон русҳо ҳастанд, моро нерумандтар мекард. Дар охир ҳамакаса шудему аскари амирро зӯр оварда, ба таги девор пеш карда бурдем. Ин дам дарвоза кушода шуду халқи бисёре, мисли тарма берун рехт. Баъзеҳо ҷомаю салла, баъзеҳо телпаку камзӯли туркӣ доштанд, баъзеҳо аз болои ҷома миёнашонро баста буданд. Онҳо низ бисёр буданд, ки шапкаю шинелу папахи русӣ доштанд. Ҳама «Алҷиҳод! Алҷиҳод! Марг ба урус! Марг ба ҷадид!»- гуфта доду фарёд мекарданд. «Тарма моро рӯфта мебарад!» фикр мекардем мо. Вале русҳо пеши онро гирифтанд. Тӯпҳои дар паноҳи ҷангали беруни стансия мондаашонро ба кор дароварданд. Снарядҳо дар байни издиҳом афтидаю таркиданд. Одамон калапо ба ҳар тараф мегурехтанд. Сипас пулемётҳо ба кор даромаданд. Ва мурдаҳо ғарам шуданд. Издиҳом ақиб гашт. Дастаи савораре, ки аз пас меомад, пеши мардумро доштанӣ шуд, вале баъд аз он, ки тири пулемёт як қисми худашонро тут барин резонд, зуд сари аспҳоро гардонданд. Ва ҳама якҷоя якдигарро тела кардаю афтидаю хеста ба гурезо-гурез афтоданд. Дар ин асно ду фойтуни зебо, ки одамони салласафед саворашон буданд, бо байрақи сафед бо шитоб аз дарвоза баромаданд. Дар фойтуни пеш Низомиддини қушбегӣ нишаста буд. Дар ҳамон майдони ҷанг, ҳайати амир дар болои фойтунҳо, намояндаҳои мо савори аспҳо гуфтушунид карданд. Дар атроф дигар ҷангиҳо ҳам буданд.
Қушбегӣ рост хеста манифести овардаашро хонд.
– Ҷаноби Олӣ ба ҳама талаби шумо розӣ шуданд, аллакай супориши кам кардани андозро додаю ба фармон имзо гузоштанд. Гуфтанд, ки ҳоло рафти замона ислоҳотро тақозо мекунад. Мо ободию тараққии кишварамонро ба ҷавонбуҳориҳо бовар мекунем. Мо розӣ ҳастем, ки аз ҳисоби худашон кумитаи иҷроия тартиб диҳанд. Мо онҳоро барои ба ҳукумат омадан табрик мекунем. Пас манифестро ба дасти Колесов дод.
– Пештар бояд розӣ мешуд. Мо аз роҳамон намегардем! – мегуфтанд сардастаҳо.
Колесов озмоишкорона ба ҳайат зеҳн монд ва сухани сардастаҳоро тақвият дод.
– Ҷумҳурии Бухоро эълон мекунем! Бас ин яккаҳокимиятӣ, – гуфт. – Ва аз пешвоёни мо пурсид: “Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?” Нафарони мо ҷониби ҳайатро зер карданд: “Модом ки амир ташкили кумитаи иҷроия, салоҳияти ба сохти давлатдорӣ ислоҳот дароварданро ба ҷавонбуҳориҳо додааст, андозҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё