Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

амлок, аминонаро мебардоштааст, дар ҷояш истод беҳтар. Амнияти кишвар
таъмин. На сих месӯзад, на кабоб.”

Дар ин ҷо Низом - махдум суханашно қатъ карда, оҳ кашид, ба самте бариста ҷойи хунукшударо қулт-қулт нӯшид. Мансур низ хомӯширо авло донист, то ки ба андешаҳояш халал нарасонад. Андешид, ки сухани Низом- махдум:
“се-чор сол боз кадом кореро гирам, охираш пушаймонӣ” ба худаш ҳам дахл дорад. Вақтҳои охир сари калобаро гум кардааст. Ба пагоҳ бовараш намемонад.
Аз душманону худию бегона гурехта ба Бухоро омад, ки рӯз мебинам, бухор Бухоро чӣ шуд?...

  • Ҳоло фикр кунам, мо дар бозиҳои зиндагӣ ё ба қавле дар сиёсат хеле кӯтоҳандеш будаем: оқибати корҳоро қудрату дониши дидан надорем. Мо ҳамдигарамонро намешиносем. Русҳо моро хуб омӯхтаву хуб мешинохтаанд.
    Дар он лаҳзаи тақдирсоз Колесов сухани моро шунида, рӯ турш карда, таҳдид дигар гузошт:

  • Мо ба шаҳр даромада, аскари амирро халъи силоҳ мекунем, то ки тинҷ бошем!-гуфт.

Ҳайати амир ба ҳам нигаристаю бо розигию розгуна сари ин кор сар ҷунбонда, гуфтанд:

  • Ҷаноби Олӣ хоҳиш карданд, ки кӯшунатон ба шаҳр надарояд. Мардум бесаранҷом накунад. Ҳалъи силоҳ хоҳед, худамон мекунем.

  • Отряди мо медарояду халъи силоҳро назорат мекунад. То он вақт шумо ин ҷо ба ҳайси гарав мемонед,-афзуд Колесов.

  • Ҷаноби Олӣ бо дили кушод ба шумо... Ун кас ҳатто розӣ ҳастанд таслим супоранд,-табассум кард кушбегӣ:- Бовар накунед, ҳайъат равад, панҷ-даҳ нафар шуда...

Калонҳои мо сухани кушбегиро тарафдорӣ карданд.

  • Амир ба мо бовар карда ҳайъат роҳӣ кард, мо онҳоро гирифта кушт кунем, аз рӯи одоб намешавад. Ногаҳ қаҳраҳ хезаду ҷангро сар кунад, ҳамаи кишвар аланга гирифта меравад. Вай қувваи бисёр дорад. Хубаш масъала хуб ба хушӣ ҳал шавад...

Колесов бо чеҳраи гирифта ба мо нигариста оҳи дурудароз кашид.

Ҳайъат созмон доданду (панҷ нафар) бо сӣ муҳофиз рафтанд. Мо интизор шудем. “Дили раҳмгин ҳамеша ғамгин.” Ҳангоми офтобшин буд, ки ду аскари намоён шуданд. Касе аз ёрон, аз афташ Маҳмудхоҷа, гуфт: “Яқин Олими Паноҳ ҳарду дунёмонро сӯзонд.” Савораҳо дартоз расида хабар доданд, ки ҳайъатро зиндон карда, ҳамаи муҳофизонро ба шоф зада куштанд. Ҳамроҳон забони таънаву дашном кушоданд. Замин намекафид, ки мо дароем. Ним соат баъди вақт гузашту боз хабар расид, ки дар шаҳр ҷадидҳоро таъқиб доранд! Дод зада мекушанд. Хешу таборашонро ба зиндон мепартоянд. Хонаву чизу чораашонро подшоҳӣ мекардаанд.

  • Пагоҳ Бухороро ба замин яксон мекунем, мегуфтанд сарбозҳо.

Он шаб касе хоб накард. Бисёриҳо аз хона ва хешу табор ёд мекарданд.
Сардастаҳо омодагии ҷанг гирифтанд. Вақте чунон ки пагоҳӣ маълум шуд,
тайёрии пухта ва ҳамаҷиҳатаро амир дида будааст. Ҳамон лаҳза ба аҳолӣ ё

пешина
аз 613
навбатӣ