Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
бурд: - Пагоҳӣ ба шумо гуфтам-ку, ҳайати амир саросема менамояд, чӣ гапе дорад. Онҳо дирӯз хабар ёфта буданд, ки ба имдоди мо қувва омадааст. Онҳо низ дар Тошканд ҷосус доранд.
Маҳмудхоҷа бо оҳанги маслиҳат гуфт:
-
Фёдор Иванович, кори моро осон нагиред. Ба калонҳоятон фаҳмонед, ки мо ба ин ҷанг ҳама буду шудамонро додем. Аз ватан ронда шудем. Хешу таборҳомонро зиндон карданд. Номи “ҷавонбухориён”ро дар ду олам сиёҳ кардем. Ин кор ҳамту монад, ҳатто фарзандҳомон моро намебахшанд.
-
Дар аввали кор гуфтам, ки сухани Кӯшбегиатонро гӯш накарда Бухороро гирифта ба дастатон диҳем, худатон не гуфтед,- гуфт Колесов бо оҳанги ҳам шӯхӣ, ҳам таъна.- Алҳол гап ҳамин. Боз маслиҳат мекунем. - Пас дасти Файзуллоҳро гирифту ҳамроҳ зинаҳоро нишеб шуданд.
Суханаш рост соддагию аблаҳӣ аз худамон гузашт. Акнун вовайло гуфта мегардем.
Чунин сурат гирифтани корро касе тасаввур намекард. Мо дар байни замину осмон мондем. Аз ин ҷанг русҳо бурд карданд. Чӣ қадаре, ки даҳонашон мегунҷид аз амир товони ҷангӣ талаб карда гирифтанд. Ҳангоме ки Файзуллоҳ даромад, ба ӯ часпидем: “Мо фалон, бисмадон... Ту раву пурс, ки мо сарамонро ба куҷо занем?!”
- Инҳо мо барин не, калонашон як гапро гуфт, хурдаш онро то охир иҷро мекунад,- Файзуллоҳ чун ҳарвақта ором сухан мекард.- Чаро ба ман часпидед?- Ҳама кор дар пеши чашми худатон рух дод!
Ду-се нафар оби дида кардаю забони маломат кушоданд.
Файзуллоҳ ҳарчанд худаш ҳам парешонавъоз менамуд, ба тариқи дилбардорӣ гуфт:
- Колесов мегӯяд, ки боз андаке тоқат кунед, худаш Маскав рафта, ин масъаларо кундаланг мемондааст. Қувваи калон оварда, пас амиру атрофиёнаро зада нест карда, ки Бухорои таъби дилатон месозем, мегӯяд.
Мо бори аввал набуд, ки шикаст мехӯрдем. Ин дафъа ноумед шудаю ба хулосае омадем, ки зӯрамон ба амир немерасад. Аммо ақиб гаштан ҳам наметавонистем. Ягона роҳ боз ҳам домани русҳоро доштан буд. Вале чунон ки дидед, ин кор баъд аз ду сол рух дод. Вале боз ҳам ба ҳамон тарзе, ки худи русҳо мехостанд. Фрунзе каси ҳавобаланд ҷоҳилтинат баромад. Худи русҳо ҳам мегуфтанд, ки касе дар зиндонҳои мо нишастааст, аз ӯ умеди шафқату мардумӣ накунед. Ӯ на танҳо суханамонро ба инобат намегирифт, балки бо такабур ҳатто назарногирона ба мо муносибат мекард. Ба фикрам меояд, ки ин ҳама бедодию беобиро нисбат ба Бухоро ҳамон бадбахт ба ҳамдастии Куйбишеви мулоимҳунук анҷом дод.
Мансур ҳайрон шуд. Бовараш наомад, ки чунин воқеаи бузургеро ду нафар ба хоҳиши худашон ҳал кунанд. Боз фикрҳое, ки ояндаашон чӣ мешавад, дар изтиробаш андохтанд. Ва ҳамзамон меандешид, ки акнун Низом маҳдум чӣ кор мекунад? Наход вай ҳам Бухороро тарк кунад?
Низом маҳдум ба девор такя карду нигоҳаш ба самте банд монд. Маълум буд, ки андешаҳои мухталиф дар зеҳнаш равуо доранд. Муддате пас гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё