Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ду сол пеш амаки Мирзоумед хонаашон омада буданд. Як паллаи хӯрчинашон пури чормағз буд.
Мирзоумед ба ҳама як-як салом карда гуфт: - Аз нигоҳ кардан кӯки чашмам канда шуд. Чаро дер кардед?
-
Бори ароба ки вазнин буд, оҳиста омадем, -гуфт падар ва пурсид:- Ин хонаи зеборо ягон тоҷир пӯшид?
-
Ин хонаи консули Самарқанд аст. Одамаш ин ҷо истода, андози деҳаҳои атроф ва Панҷакенту Фалгарро ҷамъ мекардааст.
-
Ҳеҷ не ки ин носерамҳо сер шаванд. Фалғариҳо худашон мурам-намурам зиндагӣ мекунанд: дар онҳо замин набошад...
-
Баъзеҳо тарафдор: мардуми деҳаи мо мегӯянд, ки сарварӣ ба ҳаминҳо мезебад. Роҳҳоро обод мекунанд, тартиб ҷорӣ мекунанд, кор фармоянд, маоши хуб медиҳанд.
Ҳангоме ки ба дарвозаи амак наздик шуданд, занҳояшон ба пешвоз баромаданд. Ҳарду қадбаланд, камзӯлу рӯймоли якхелаи сабзранг доранд. Холаи Гулсум танадор, чеҳраашон ҷиддӣ. Холаи Зулайҳо чеҳраи сафеди кушода доранд. Худи Рӯшани Баҳодур барин гарданбаланд.
Онҳо меҳмонҳоро ба хурсандӣ пешвоз гирифтанд. Латофату Ҷовидро ҳарду зан бӯсаборон кардаю ба модар меҳрубонии зиёд нишон доданд. «Дар қаду бари меҳмони зебо ҷонам,- мегуфтанд холаи Гулсум. –Шумо биёед, сари мо баланд мешавад. Дар деҳа меҳмонҳои шаҳришон омадаанд мегӯянд». Холаи Зулайҳо пурсиданд, ки дар роҳи дароз хуб монда шудед? Кош деҳи мо наздиктари шумо мебуд.
Чеҳраи модар, ки дар тамоми роҳ гирифта буд, аз ин меҳрубониҳо кушода шуд.
Онтарафтар духтари сафедрӯе, ки рӯймоли сурхаш яктарафа фуромадааст, ҳезум мешикаст. Баҳодур рафта ба духтар салом дода аз дасташ табарро гирифт.
Духтар ду-се қадам дуртар рафт.
- Бачаи шаҳр дигар аст. Шаҳриҳо зирак мешаванд, - холаи Гулсум аз кори Баҳодур хурсанд шуданд.
Баҳодур табарро хато зад. Бори дуюм зад, ки табар боз хато рафта аз дастааш баромада, қариб ба пои духтар зада буд. Духтар хандид.
Баҳодур аз шарм сурх шуд.
-
Шаҳриҳо одамони зираку дар ҳалвохӯрӣ устоянд, - амаки Мирзоумед ба оҳанги шӯхӣ киноя карданд ва ба духтарашон фармуданд: - Меҳрубон, аз дасти акаат табарро гиру ҳезумкафониро нишон деҳ.
-
Баҳодур, паст набиё! - падар низ бо шӯхӣ овоз баланд кард.
Баҳодур, мисле ки дар мусобиқа иштирок мекунад, гӯлаҷӯби аз ҳама калонро пеш кашида, табарро баланд бардошта зад ва дар як дам онро пора кард.
- Ман ҳам метавонам, - гуфт духтар ва сурх шуда афзуд: - Табарро баланд бардоштан даркор нест.
Онҳо ба ҳам нигаристанд: - Лаҳзае нигоҳҳояшон ба ҳам бархӯрд.
- Писари ошнои худам-дия! - амаки Мирзоумед ҳамаро хандонданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё