Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Баъди гузашти солҳо ҳар гоҳ ки ин лаҳза ба хотири Ҷовид меомад, ба худ мегуфт, ки ҳамон нигоҳ занҷири ишқашон шуда буд.

Бегоҳӣ амаки Мирзоумед барои ҳурмати меҳмон калонҳои деҳаро ба хонааш даъват кард.

Меҳрубон ба таги деҳҷо алав мондаю омадаҳоро ба Ҷовид шинос мекард.

  • Ин амаки рӯсурхи аспсавор, бойи деҳа Олимбой. Пояшон ки дард мекунад, аспсавор мегарданд. Ҳамроҳашон амаки Нуралӣ, осақоли деҳа. Хонаҳои зебо доранд. Замину боғҳояшон ҳам бисёр. Он ду нафари аз кӯчаи паҳлӯ меомада - яке амаки Умарбой, ба модарам хеш мешаванд, дигарӣ - қассоб, номашон Файзмуҳаммад. Ду писар доранд. Хурдӣ баробари ту.

  • Чӣ қадар меҳмон гуфтед?

  • Чӣ медонам, як хона.

  • Шимоён ҳам бой ҳастед? - пурсид Ҷовид.

  • Мо ҳам бой, - хандид Меҳрубон. - Гӯсфанди бисёр дорем. Ними гӯсфандҳомон дар мол. Дар ду ҷой замин дорем. Порсол осиёб сохтем. Аспе, ки шуморо овард, аспи мост, боз бузҳои ангорӣ дорем... Шумо чӣ доред?

  • Мо ҳам гӯсфанд дорем. Дар Чукурбозори Самарқанд дӯкон дорем, Аспи даванде доштем, ки аз ҳама аспҳо мегузашт. Акам бо вай ҷовандозӣ мекард.

  • Баҳодур ҷовандозӣ метонад? - чеҳраи духтар сурх шуд.

  • Дар шаҳр мисли акаи ман ҷовандоз нест. Ин ҷо бузкашӣ шавад, мебинӣ.

  • Лекин табара доштан наметавонад, - Меҳрубон хандид.

  • Аслан дастаи табаратон қаҷ барин.

  • Аслан дасти акаат қувват надоштагӣ барин. - Меҳрубон баланд хандид ва ишораи модарафро дида, тохта ба наздаш рафт.

Пагоҳӣ, баъди ношто, хонаеро ки бояд бинишинанд, диданду Бибигул бугзи дилашро кафонд. «Аз баландии ба пастӣ» Хонаю дарамро партофта биёяму дар як огили хунук даром!

  • Чаро огил? - Мансур гунаҳгорона табассум кард.

  • Дару палладашонро бинед, тагу болошон тешук!... Болорҳо аз дуд сип-сиёҳ...

Холаи Гулмоҳ, ки ҳамроҳи меҳмонҳо омадааст, Бибигулро тассалло дод:

  • Келин, ҳоло асбобҳоро ҷобаҷо гузорем, хона маъқул мешавад. Хонаҳои деҳа ҳама дуд-кашидаанд. Аз хонаи бедуд гурезед, - хандид ва илова кард: - Бисёр маъқул ки нашуд, шумо ба хонаи мо мегузаред, мо ин ҷо меоем.

  • Ҳар се хона ёздаҳболор, - афзуд Мирзоумед. - Дар пас ду оғир ҳаст, замин-наш чор таноб. Порсол гандум корида, ҳосили хуб гирифтам. Имсол худатон мекоред. Дар баромади деҳа дар дашти Сурхӣ ин одам боз чор таноб замин дорад. Он ҷо ҳам чизе хоҳед мекоред.

Хона ба Мансур ҳам чандон хуш наомад. Вуҷудашро як изтироби мағшуре фаро гирифт. Ӯ бори дуюм аз кори кардааш - аспро дода ба ивазаш Баҳодурро аз хизмати ватан гардонданаш ва аз ин ҳиҷраташ пушаймон шуд. Ва равшан

пешина
аз 613
навбатӣ