Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Ҳоло аз байн сад сол гузашта бошад ҳам, аз он рӯйдодҳою оқибаташон, баҳсу мунозираҳо кам намешаванд.
Он баҳор дар хонадони Мансур ҳам дигаргунӣ рӯй дод. Барои Баҳодур аспи номдори Олимбойро панҷоҳ гӯсфанди яккачин дода хариданд. Дигар ин ки Латофати понздаҳсоларо ба шавҳар доданд. Қуда – Умарбек, хеши холаи Зулайҳо: писарашон Шодибеки сисола дар заводи пахтаи Тошканд мардикорӣ мекардааст. Латофат дар аввал «пиракии қишлоқиро намегирам» гуфта потикак карда розӣ намешуд. Баъде ки Шодибек аз Тошканд омада ба меҳмонӣ даъват карданд (ҳамроҳ чанд либосворӣ овардааст), Латофат оби дам хӯрдагӣ барин хап шуд. Шодибек мисли падараш марди қадбаланди сафедрӯ буд.
Бибигул пофишорӣ карда тӯйро ба соли дигар монданӣ шуд. Вале Мансуру Мирзоумед «моли араб, пеши араб» гуфта тӯйро баргузор карданд.
Дар арафаи Наврӯз овоза шуд, ки байни Оқпошою дигар гурӯҳҳо ҷангу норозӣгӣ шудаасту Оқпошоро аз тахт фаровардаанд. Ҳамон сол мардуми Мовароуннаҳр иди Наврӯзро охирин бор ба хурсандии ҷашн гирифтанд. Баъдтар большевикҳо, ба гуфти худашон, дунёи нав сохтанд он ид ҳам намонд.
Як бегоҳӣ, ки шамоли хунук бӯи барф меовард, Мирзоумед аспсавор аз Самарқанд омад, лаҷомро ба Баҳодур, ки аз дарвоза баромаданӣ буд, дод ва дар зинаҳо ба Мансур рӯбарӯ шуда, бо изтироб гуфт.
– Барои оҳани ҷуфт ба шаҳр фуромадам. Дар шаҳр бесаранҷомӣ. Бозорӣ кардаму ба мадрасаи Исматибой рафтам, ки устодонро хабар гирам, он ҷо чунон нақлҳо карданд... Дар шаҳр чунон корҳо шуда истодааст, ки ба ақл рост намеояд. Ҳама воқеаҳои дар Русия рӯйдода ба ин ҷойҳо омадааст. Дар Тошканду Самарқанд дуҳокимиятӣ. Ким-чигуна шӯроҳо таъсис додаанд. Ҳукумати муваққатӣ мегуфтааст, ки мо ҳукумат мекунем. Шӯроҳо даъво мекардаанд, ки мо ҳукуматем. Гӯё дар Петербург чунин ҳолат будааст.
– Истед, нафаҳмидам. Дар Ҳукумати муваққатӣ кист? Шӯроҳо киҳоянд?
– Ман чӣ медонам? Ҳамин қадар фаҳмидам, ки дар ҳукумати муваққатӣ ҳамон одамони Николай будаанду дар шӯрорусоне будаанд, ки меншивику болшевикшон мегуфтаанд. Руҳҳои шӯро таъсисдода аз мардуми таҳҷоӣ низ ҳамроҳ мегирифтаанд. Боз гап-гап, ки дар Тошканд таҳҷоиҳо митинг кардаанд. Рӯҳониён, косибон, ҳунармандон, ҳатто ҷадидҳо аз Бухоро рафта, ба онҳо ҳамроҳ шудаанду ҳама як рӯ шуда шӯрои исломӣ сохтаанд. Анҷуман гузарониданд (16-23 феврал). Гуфтаанд ки минбаъд дар Туркистон лаҷоми давлатдориро худамон ба даст мегирем. Касе суханашонро ду накардааст.
Ин хабар Мансурро моту мабҳут кард.
– Чӣ кори хуб шудааст,-гуфт ӯ. -Агар мо ҳама ҷамъ, ҳампушт, яктану якзабон шавем, ин корро карда метавонем.
– Хости Худо бошад, мешавад,-гуфт Мирзоумед.
– Дар номи Худо ҷонам, хосташро диҳад, ки ҳама даргирифта рафт,-гуфт Мансур ва пурсид:- Ҳоло одамону губернатору консулхонаҳо дар шаҳр ҳастанд ё хеста ватанашон рафтанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё