Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ман дар роҳ ба як тоҷири самарқандӣ вохӯрдам. Ӯ гуфт, ки русҳои пешина баъзеашон хонаю чизу чораашонро саросема фурӯхта рафтаанд, баъзеашон, «мо ба ҳукумати нав ҳамроҳем» гуфта, корашонро маҳкам дошта нишастаанд. Ва гӯӣ ба онҳо туфанг додаанд, то таҳҷоиҳо даромада аз корхонаҳо берунашон накунанд. Лекин дар кӯчаю бозор кам ба назар мерасанд, он савлату шавкати пешинаашон намондааст. Болҳояшон шикаста...

– Корҳои Худованд ҳама бар пояи адл аст, – гуфт Мансур бурутҳояшро молиш дода. – Банде, ки кофирҳо ба мардуми ин марзу бум партофтанд, ба пои худашон печид. Акнун шағол барин якдигарошонро мехӯранд.

– Ба ин ки ба мо гӯӣ банд партофтанд, розӣ нестам, – гуфт Мирзоумед. – Мо шаҳр мерафтем, бандҳояшонро надидем. Баръакс, некиамон мекарданд. Дар бозор пуламон камӣ мекард, чизашонро нимбаҳо медоданд. Дигар ин ки ман ба одамони худамон дилпур нестам. Калон шавад, халқ аз хотираш мебурод. Чашмаш аз хешу табораш он тарафа намебинад.

– Одамони хуб доштанд-куя, – иқрор шуд Мансур. Ва меҳмонро гусел карда, аз занаш шодиёна талаб кард:

– Бибиҷон, одамони Оқпошшо аз болшевикони навбаромад тарсида, аз шаҳр рафтаанд (Мансур табъаш хуш бошад, занашро Бибиҷон ном мебурд).

Бибигул муддате ҳайрон ба рӯйи шавҳараш нигарист. Яқин намефаҳмид, ки болшевик кист ва чи кора аст ва гуфт:

– Ба гирумони онҳо мо чӣ кор дорем? Дигар шуморо намекованд? Баргашта ба хонаамон меравем?

– Маро намекованд, ту саросема нашав. Ман рафта вазъи шаҳрро мефаҳмам, пас омада шумоёнро мебарам.

Саросемагии модар ба Баҳодур низ маъқул нашуд:

– Аслан аз ҳамон шаҳри серҷанҷол ба ман ин ҷо маъқул аст, – гуфт.

Бибигул гӯшашро хорида маънидор ба шавҳараш нигарист. Пагоҳӣ, пеш аз намози бомдод, ҳангоме ки лаби олав нигошта чой менӯшиданд (зану шавҳар ҳамингуна одат доштанд), гуфт:

– Баҳодуратон Меҳрубони духтари Мирзоумеда нағз дидааст.

– Нағз дидан хуб аст, духтар-чӣ?

– Ошиқӣ аз ду тараф мешавад. Ҳар вақте Баҳодур аспашро обдиҳӣ барад, духтар ё лаби бом мебарояд ё назди дарвоза меояд.

Мансур чӯбҳои нимсӯхтаро ба даруни оташ тела дода, муғамбирона ба за- наш нигариста гуфт:

– Карбос харӣ, ба милкаш нигар, духтар гирӣ, ба очааш,- гуфтаанд.

– Гӯӣ ки очаша асло надидед! Бибигул чой рехта ба шавҳараш дод. – Зани дилсоф, ба моён меҳрубон.

– Худата аз рӯйи хубии очат гирифтам, медонӣ-а?

– Кай очаи маро мешинохте? Монед шӯхиҳои хунукатона.

– Аспи харидаам ба Баҳодур маъқул аст? – Мансур аз асп сухан гуфту дилаш шуввӣ карда рафт. Ҳар вақте Рӯшан ба хотираш ояд, худро наздаш гунаҳгор ҳис мекунад. Дигар аниқ накард, ки дару гурехт ё ҳамроҳи хонаҳо сӯхт.

– Чудо ҳам маъқул. Мудом ба вай монугир кардаю овора аст.

пешина
аз 613
навбатӣ