Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз байн се рӯз гузашту Мансур ба сафари Тошканд тайёр шуда, ҷониби Баҳодур гуфт:
– Аспро намегирам, пиёда шаҳр мефурояму он тараф ба поезд савор мешавам. Агар бор тамом шуд, бозори Самарқанд фуромада бор гир.
Бибигул шӯрид:
– Чӣ зарур, ки Тошканд меравед? Баъди ду-се ҳафта гандумдарав сар мешавад.
– Рафиқон Тошканд рафтаанд, ки ба шӯрои исломӣ аъзо шаванд, ҳамдастӣ кунанд. Пул бурдаанд. Ман ҳам рафта, ақаллан борақалло гӯям.
– Баҳодур, як дафъа сухани маро ҳам гӯш кунед. Як бор худатона ба ҳамин корҳо задеду беватанмон кардед. Аз баҳри ин ҳавою ҳавасҳо бароед.
– Бибиҷон, бо шиштан ягон кор буд шудааст? Бубин, аҷнабиҳо омада, дар ватани мо чӣ корҳо мекунанд! Мо ҳам ҷамъ шавему сари кореро гирем.
– Ин тавр бошад, моро ба хонаю дарамон баред! Ҷанг аст, чӯш аст, баред! Марги бо ёрон – тӯй. Шумо рафтед, ман ҳам бачаҳома гирифта ба шаҳрам меравам!
– Баъди чор рӯз меоям. Гандумро медаравему шумоёнро мебарам, – гуфт
Мансур бо дилпурӣ, – ва андаке тавакқуф карду афзуд: – Дар гузари Тағи Санг Ҷаббор ном ҷавоне ҳаст, ба ӯ мегӯям, омада гандума медаравад. Худаш ҳар вақт аз пеши роҳ баромада, бойбобо, кор бошад, фармоед, бекор гаштем, мегӯяд.
– Шумо чӣ хел одам? Фикри фарзандҳоятонро мекунед?! Ин пагоҳӣ холай Зулайхо омада буд. Гуфт, ки кадоме ба духтараш хостгорӣ омадааст. Вайҳо медонанду ки Меҳрубону Баҳодур ба ҳам майл доранд, аз мо ҳавои даҳангирӣ омадааст.
– Бибиҷон, ин корҳо баъд. Аз Тошканд ки омадам, дарҳол нон мешиканем. Шумо занҳо таги корро пухтан гиред.

«Қариб як сол мешавад, ки моро аз ҷою макони бобоям оварда, дар як деҳи бенуру бесоҳиб партофтааст, не дӯсте, ки бо хотири ҷамъ ба хонааш дарой, не маҳраме, ки дилата кушой, ғусса шуда мемурӣ!». Вақтҳои охир чунин фикрҳо дар сари Бибигул бисёр чарх мезанад. Баъдтар андешаҳояш оҳанги ниқорталабӣ гирифтанд. «Маро бурда ба хонаю дарам мемондӣ, пас ба кадом гӯру балое мехостӣ, мерафтӣ! Ба пушти сарам нигоҳат намекардам!.Ба ёду хотирам роҳат намедодам.» Баъди ки бо ин андешаҳо ҳам дараки Мансур нашуд, Бибигул ҳавотир шуд. Ба коре даст мезад, рӯйи ҳавлӣ мебаромад, сари ҷоғаҳ мехест, пичиррос мезад: «Оё худаш сиҳат бошад? Вай аз он мардҳое нест, ки зану кӯдаконашро фаромӯш кунад». Ва баъде ки боз ҳам хату хабар нашуд, ба роҳи хушомаду порадиҳӣ даромад: «Анде, ки ёри аввалу охирам сиҳату саломат биёд, сарама дар қадамҳоҳ мемонам, гӯсфанди аз ҳама калон назри сараш...»
Ду ҳафта шуд, ки онҳо рӯйи суфаи ҳавлӣ хоб мекунанд. Омад-омади тобистон ҳаво як гарм шуду боз рӯзҳо салқин омаданд. Дина шаб як шакарнам ҳам шуда гузашт. Имшаб низ осмон чо-ҷо абрҳои сиёҳ дорад. Вале бачаҳо аллакай

пешина
аз 613
навбатӣ