Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
кӯрпаҳоро бароварда, раҳти хоб дуруст кардаанд. Дар ҷойи кушод ғел зада, ба осмони пурситора нигористанро нағз мебинанд.
Бибигул аз ҷӯйбори пушти хона об гардонда ба сабзавоти коридааш, ки қад кашидааст, шабоба монд. Лаби ҷӯй нишасту ба фикраш омад, ки агар Мансур ин ҷо мешуд, ин шарфаи об, ин шабу моҳу ситораҳояш ҳама ҷӯшу хурӯшу ҷозиба доштанд. Худаш низ мисли булбуле, ки дар шохи гул нишастааст, ба хониш неомад. Дар ниёиш шуд: «Офаридгоро, мусофиру дармондаам кардӣ, майлаш, ба ҳамааш шукр мекунам, фақат илтичо дорам, ёрамро бегазанд ба сари фарзандамаш бирасон. Мабодо, ки як рӯзам бе он азиз гузарад. Рӯзи вай бе ман гузарад, боке нест.» Ва оби дидааш равон шуд.
Ин дам овози мунозираи бачаҳо ба гӯшаш расид.
– Вай ситораи калон аз ман аст! Сурҳрангаш ҳам.
– Кар будӣ? Ман он сурҳрангро кайҳо гирифтаам!
– Кар худат. Дурӯғгӯ...
– Кӣ дурӯғгӯ?... Овози гиря...
– Ҳамаи ситораҳои рӯшан азони худат, бачаҷон, модар мудом тарафи кенчаро мегирад. -Баҳодур дуто ситора дорад. Падарат биёнд, мегӯем, ки он ҳардуро ҳам тела карда, ба тарафи ситораҳои ту ҳамроҳ кунанд.
Дере нагузашта чак-чаки борон шуд. Агарчи ситораҳо ҳанӯз ҷо-ҷо намоён буданд.
– Абри гузар аст, гуфт Бибигул ва гилем оварда, ба болои кӯрпаи бачаҳо партофти мисли посбон болои сарашон нишаст. Ният дошт, ки борон зиёд шавад, ҳамакаса кӯрпаҳоро гирифта хона медароянд. Бачаҳо худро дарунтари кӯрпа кашиданд. Таги кӯрпаи гарм ғунудаю вазиши боду боронро гӯш кардан ҳаловат дорад. Аммо фикрҳои Бибигул аз паси шавҳарамаш. «Пагоҳ се ҳафтаи пур мешавад, ки даракаш нест. Ё шаҳр рафтаю шавҳари Сумана гӯям, ки Тошканд кофтанаш равад?» - мегуфт ба худ.
Дақиқае чанд гузашту борон кам шуд. Овози сагҳои ҳамсоя баромад. Ба онҳо сагҳои деҳа ҳамроҳ шуда, шӯру мағал бардоштанд. Андак баъд Мансур вориди дарвоза шуд.
Бибигул худро ба оғӯши Мансур партофт, ҳис мекард, ки бӯйи азизу ошно то мағз-мағзи дилу ҷонаш мераваду аз он оромишу навозиш меёбад. Чакраҳои борон ба рӯйҳои тафсидаю бӯсаҳои харисонаашон расида, шодию иштиёқашонро бештар мекард.
– Аҷаб коре шуд. Навакак ба Худованди меҳрубон зорӣ мекардам, ки шу-моро расонад. Ва шумо даромадед, – пичиррос зад Бибигул.
– Мансур ҷониби бачаҳо, ки дар хоб буданд, назар афканд ва Бибигулро сабук рӯйи даст бардошта, аз рӯю мӯяш бӯсакунон хона даровард...
Мансур Мирзоумедро ба субҳона даъват кардаӣ шуду наёфт. Маълум шуд, ки ӯ ба чарогоҳ назди молаш рафтааст. Ҳамон рӯз барои гандумдаравӣ мардикор овард. Рӯзи дувум Ҷаббор бехабар омада ба даравгарҳо ҳамроҳ шуд. Баъди як ҳафта ҳирман кӯфтаю аз гандуми нав нон карданд. «Шукр, нони гандуми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё