Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

“Инро бинед-а суханҳое мегӯяд, ки ба фикраш ҳам наомадаанд. Ва ҳама айни ҳақиқат. Ба фикраш омад, ки Мустафо Чоқай ҳаққи гапро гуфта будааст: “Русҳо моро аз худамон беҳтар медонанд”. Ва чунин буд, ки панҷоҳ сол пеш ин ҷо омада, дилпур дар паҳлӯи шаҳрҳомон шаҳр сохтанд: Самарқанди нав, Тошқанди нав, Хӯқанди нав. Аз Ишқобод ин тараф дар ду ҷониби роҳи оҳан зиёда аз дусад деҳаи руснишин сохтанд. Ҳалолашон бод. Беҳуда падараш нагуфта будааст, ки ба русҳо ҳамроҳ бошед, хуб аст. Бале, аз дӯсти нодон душмани доно беҳ. Лекин, падарҷон, ман бо инҳо дӯст шуда наметавонам, дар гардани инҳо марги Баҳодурам ҳаст... Аспашро тозиёна зада гуфт:

– Фёдор, баъзе суханҳоят ҳаққанд. Аммо инро, ки адабиёту таърихатон афсонаранг мегӯӣ, қабул надорам. – Ва лаҳзаи сукут карду афзуд: -Ошно, хафа нашав. Модом ки ин қадар китобхону бамаърифат будааст, пас чаро болшевиқҳоятон ба халқи Худо ин қадар ҷафо мекунанд? Дар Бухоро қариб як моҳ аст, ки аз хонаю масҷидҳо китобҳоро ҷамъ карда месӯзонанд?

– Медонам,-ранги Фёдор дигар шуд: -Ман ҳам он манзараро дида, аз шарм гурехтам. Болшевиқҳо ин қабоҳаташонро ба зудӣ мефаҳманд. Ӯ оҳи чуқур кашида афзуд:- Ин инқилоби лаънатӣ барои сотсиалистони хаёлию ҷавонони пуршӯр мисли аспе шуд, ки савор шудаанду чи қадаре дилашон хоҳад, метозонанд.

– Аҷаб замоне: ҳукумати амир Олим зери назорати русҳо буд. Русия зери назорати ким-кадом сотсиалистон будааст!-Мансур бо нигоҳи тез ба мусоҳибаш нигарист.

Фёдор ба тасдиқ сар ҷунбонда гуфт:

– Масалан, армия дар дасти Троцкий ном марди яҳудӣ. Ӯ дар НКВД аксар ҳамқавмҳояро ҷо кардааст.

– Мо шуморо давлатдор мегуфтем. Шумо ҳам мисли мо дастнигар будаед.

– Дастнигар нею,-Фёдор забон хоид:-Дар ин даҳ-бист соли охир воқеаҳое рух додаву ҳамаро дарҳам - барҳам кард. Умуман қисмати ватан ҳам мисли қисмати одамонаш будааст. Фалоқат аз тағи по мехезаду ту чӣ кор карданатро намедонӣ. Ба Русия ҳамин ҳолат рӯй дод.

– Худатон роҳро намедонеду моро куҷо мебаред?

– Ягон ҷо мебаромадагистем,-Фёдор низ хандид ва лаби поёнашро хорида, бо дилпурӣ гуфт:- Мо замони мутассибонро паси сар кардем. Хоҳ-нохоҳ хирадмандон ёфт шудаю ба халқ роҳ нишон медиҳанд.

Мансур чизе гуфтанӣ шуд, ки Фёдор пешдастӣ карда, афзуд: - Гӯш кун Мансур, воқеаҳои сад соли охир халқи моро пухта кард. Мо ба донишу таҷрибаи худ такя мекунем. Халқи шумо ба гуфти подшоҳ, ба гуфти рӯҳонӣ кор мекунад. Ҳоло ин мавзӯъро мемонем. Мо, русҳо, як ҳафтае, ки ин ҷо будем, мудом дар ҳамин бора баҳсу гуфтугӯ карда, дилбазан ҳам шудем.

Мансур аз шарҳу тафсири Фёдор қаноатманд нашуд. Вале дигар баҳс накард.

Онҳо ба баландии баромаданд, атроф чун дар кафи даст намоён аст. Ин ҷо шамол сахттар мевазад. Вале анвори офтоби чоштгоҳ дами сардии шамолро гирифтааст. Дар пеш, дар паси ҷангали дарахтони дӯлона ва зорҷ (зирк) кӯли начандон калон намоён аст. Атрофи кӯл ях кардааст. Обаш каб-кабуд аст. Тахмин ду километр онсӯтар дар бағали баландӣ деҳае намоён. Аз мӯриҳо

пешина
аз 613
навбатӣ