Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дод зада сухан мекарданд. Як сухани табиӣ ё дилнишин гуфтан наметавонистанд. Пас донишмандони соҳибихтиёр пайдо шуда шуҳрати ватану миллатро бардоштанд. Аслан чунин пешвоҳо неруҳои ҳимоятгар дар зиндагии пойдор ва мустақилонаи миллат пайдо мешавад. Шумо ҳам асрҳо «Во дино! Во Саидо!»
гуфта сар ба замин зада нашенеду ҷон канда решаи худатонро ёфта нигоҳубин кунед, то ки он ҷавона занад. Дар мо бахусус нависандаҳомон дар давоми дусад сол гуфта-гуфта алфозу алчахҳои (тамаъ) диниро андак-андак задаю зер по карда, як қисми халкро китобхон карданд. Лев Николаевич Толстой ном нависандаамон воқеаҳои ҷанги сад сол пеш байни русу франсуз рӯйдодаро дар китобаш “Ҷанг ва сулҳ” навишт. Он китобро хонӣ, таърих, сабаб ва оқибатҳои ҷангро пай мебарӣ. Ба зиндагӣ ва орзую омоли он мардум шинос мешавӣ. Чӣ гуна одамон ватандӯст буданд, кадом тоифа хиёнат кард, пешвоҳо чӣ гуна касон буданд, чӣ андешаҳо доштанд, ҷурму хатои ҳукумат ё сарлашкар дар куҷо буд. Ту мебинӣ, ки тамоми дворянин, мардуми ватандӯст бо тақозои дили ҳӯл хеста ба фронт мераванд. Хулоса ҳамаро мефаҳмӣ. Аз он китоб ҳар хонанда роҳе интихоб мекунад. Ва дар маҷмӯъ ин роҳҳо ба ҳам омада, халқи парешонро ҷамъ карда миллат месозад. Рӯҳашро тавоно мекунад. Ана нависандаи халқӣ чӣ гуна кас аст!

Ба хотири Мансур суханони Андрей омаданд: Мо Николай Гогол ном нависанда дорем. Ӯ супориш додааст ки “Рус бояд рафоқату садоқати рафиқиро ба ҷойи аввал гузорад. Рафиқашро дар сахтиҳо танҳо нагузорад.” Инҳо ҳамин гуна олимону нависандаҳо доштанд, ки ҷаҳонгир шуданд. Мо ҳавои даҳони мекунем, ки ину он дорем. Инҳо ҳам доштаанд. Фикрҳои хубро нависандаҳои инҳо мегуфтаанд. Ӯ дар андеша шудӯ ба хотираш “Шоҳнома” омад ва гуфт:

  • Дар мо ҳам ҳастанд китобҳо, ки...
  • Ман аз адабиёти шумо бохабарам, - Фёдор сухани ӯро бурид. - Кадом китобро дар назар дорӣ, медонам. Он китобҳо ҳам хубанд, вале афсонаранганд.
    Сухани афсона сабуктар аст. Ба қаҳри дилат намефурояд. Ҳатто таърихҳоятои афсонаранганд.
    Мансур бо инкор сар ҷунбонд ва аз дилаш гузашт, ки кош китоби Толстойро мехонду баҳс мекарданд. Аз “Шоҳнома” шеъре хонд:

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаку дину пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

  • Магар сухан аз ин баланд мешавад? - Мансур ба мусоҳибаш нигарист.
  • Шеъри Фирдавсӣ, - гуфт Фёдор. - Дар ҳақиқат “Шоҳнома”-и ӯро китоби осмонӣ гӯем, мешавад. Лекин онро дар ҳар аср одамони ангуштшумор мехонданд. Ва аз тарафи дигар баъзе шоирҳои номдоратон ӯро “Ба мадҳи габракон умре ба сар бурд,” гуфта сиёҳ карданд. Муллоҳоятон “Мадҳи габраконро хондан бидъат!” - гуфтанд: нагузоштанд, ки орзую ормонҳои шоири ватандӯст дар дили ҳамватанонаш реша давонад.
пешина
аз 613
навбатӣ