Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳамроҳатон рус аст?.. — Пурсид амлокдор.
— Ҳа. Рус. Ёрдамчии амир, — гуфт Мансур.
Ин сухани дурӯғ таъсир карду тортукбарҳо лом нагуфта, аз роҳ гаштанд.
— Кори савоб кардӣ, як духтарро аз чанголи аждаҳо раҳонидӣ, — гуфт Фёдор ва афзуд: — Агар рӯзро торик карда набаранд.
Онҳо пас гаштанду Мансур гуфт:
— Шумо мақоли хуб доред: “Халқ чӣ гуна, подшоҳ намуна”.

Фармони Москва ба-дин мазмун шуд, ки барои маҳв кардани лашкари овозадори амир, ки дар Ҳисор гирд омадааст, қувваҳои ҳарбии ҳукумати Бухоро ва дивизияи 1-уми савораи ҷабҳаи Туркистон, полки 8-уми тирандоз ва батареяи савораи кӯҳгарди Каркӣ якҷоя амал кунанд. Ҳукумати Бухоро полки навтаъсисашро ба ҳайъати бригадаи 11-ум, ки дар Бухоро мустақар аст, ҳамроҳ мекунад.
Сардори бригадаи 11-ум Чернов пеш аз он ки ба сафар барояд, ба ҳукумат муроҷиат кард, ки либоси зимистонаи ҷанговаронро таъмин кунад.
Ҳукумат ҷомаю чакман ва каме нимтанаҳои сиёҳи туркии аз давраи амир мондаро пешниҳод кард. Баъзе сарбозҳои мусулмон аз онҳо гирифтанд, дигарон розӣ нашуданд. Қарор шуд, ки сарулибосро аз пас мефиристанд.
Бригада рӯзи 21-уми декабр аз Бухоро баромада то Қаровулбозор бо поезд омаду пас ба роҳи ағбаи Оққӯтал сӯйи Бойсун ҳаракат кард. Дар наздикии ағба батареяи 1-уми савораи кӯҳгард аз бошишгоҳаш Каркӣ омада, ба бригада ҳамроҳ шуд. Сардори эъзомияи Ҳисор Исоев Игор Леонидович ном марде аз ситоди ҷабҳа таъин шудааст. Вай дар ҷанги Бухоро сардори батарея будааст. Ҳамроҳи полки 3-юми сарҳадӣ аз Каркӣ рост ба Бойсун мерафтааст.
Ҳангоме ки ба таги ағба расиданд, дастаи пешгард хабар овард, ки баъзе қисмҳои амир аллакай ба сари ағба баромадаанд. Чернов хавотир шуд. Ӯ аз рӯйи хабари шоҳидон ва кордидаҳо медонист, ки сари ағба барои мавқеъ гирифтан ҷойи хуб аст. Роҳ аз байни ду баландӣ мегузарад. Мобайн чун дарвоза аст. Аз ин рӯ набояд гузошт, ки душман дар тори ағба лангар партояд. Аз рӯйи шунидаш дар армияи амир якчанд генералҳои аз инқилоб дилмонда ҳастанд. Агар онҳоро пеш андохта бошанд, кори бригада мушкил мешавад. Мабодо дар он баландӣ хандақ канда бошанд, на тир мегирадашону на тӯп. Ҳоло аэроплан ҳам нест, ки аз тори сарашон зананд. Аз рӯйи хабари Степанов (ӯро дар маҷлиси фаъолонаш дид) аз ёздаҳ аэроплане, ки ба ҷанги Бухоро омада буданд, ҳафтоаш харобу вайрон дар фурудгоҳи Когон хобанд. Даҳмаштояш тир расидаю ҳанӯз дар таъмир будаанд. Яктояш нобуд шудааст. Дар рӯзи сеюми ҷанги Бухоро мотораш аз кор мебарояд. Халабон чолокӣ карда, онро дар кӯли байни Когону Бухоро мешинонад. Баъд онро қисм-қисм карда, ба фурудгоҳ меоранд. Ду аэроплани коромад доштаанд, ки ба фронти ғарбӣ фиристодаанд.
Чернов зимни ин андешаҳо ба қароре меояд, ки хубаш дер накарда, ҳозир ба ҷанг даромада, ағбаро гиранд. Шабро дар он сӯйи ағба ба рӯз мебаранд. То он вақт дастаи ҷангии Шеробод ҳам расида меояд. Пас якҷоя ба Бойсун ҳуҷум

пешина
аз 613
навбатӣ