Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
мекунанд. Агарчи кайҳо рӯз гашт кардаву, осмонро абр гирифтаю шамол хестааст, Чернов фармони бетаваққуф ба ағба баромаданро дод.
Комиссари дивизия дар ин сафар Ершов Николай Харитонович аст. Комиссари пештара Шестакро ба Тошканд, ба ситоди ҷабҳа гирифтаанд. Ершов ба тариқи маслиҳат гуфт, ки шояд ҳуҷумро пагоҳ шурӯъ кунем. Чернов ба суханаш истод: “Ағба чандон баланд нест. Бо асп якуним - дусоата роҳ аст” гуфт. Аммо зову чариҳои ағба бисёр будаанд. Роҳҳо лой ва хатарнок шудаанд. Ҷанговарон лағжидаю ғелида, ними ағбаро баромаданд, ки ба тирпаронии башиддат рӯбарӯ шуданд. Аввал старшина Руднев Евгений бо аспаш афтид. Асп аз ҳамвории пушти буттае мегузашт, ки аз ақибтанааш тир хӯрд, ду пояшро бардошта лағат партофт. Старшина парида пештари бутта дар болои замини лой афтид. Асп хестанӣ шуд, ки натавонист, поён ғелид, боз кӯшиши беҳуда карду дар болои лой панҷ-шаш қадам ғеҷида рафта ба ҷарӣ афтид. Пас боз чанд аспу сарбоз чаппа шуданд. Чор асп бо соҳибонашон ба ҷарӣ афтида нобуд шуданд. Маълум, ки аскари амир ағбаро соҳиб шудааст. Чернов вазъиятро нокулай дида, фармони ақибнишинӣ дод. Аз ағба як аспдав поён деҳаест. Бригада ба деҳа фуромаду Чернов ҳамроҳи маъмурони батарея ва пулемётчиҳо Гриша Дудкин ва Михаил Романенко то вақти говгум дар бағали кӯҳ, дар ҷойҳои мусоид шинак (блиндаж) дуруст кардаю он ҷойҳоро ҳам барои Чернов ва ҳам барои худашон харита карда гирифтанд.
Ҷанговарон пагоҳӣ аз домани кӯҳ паҳн шуда, ба ҳуҷум баромаданд. Аз осмон пога-поға барфи сабук меборад. Замин ҷое сафед шудаю ҷое лой аст.
Лекин ҳаво хунук нест. Ними ағбаро набаромада аз ҷониби душман тирпаронӣ шурӯъ шуд. Тӯпҳо мавқеи душманро гулӯлаборон карданд. Дар ин муддат қӯшун хеле пеш рафт. Як даста сарбозҳои ротаи Загорский ба домани ҷангали паҳлӯи сой расиданд. Худаш ҳамроҳи онҳост. Сойҷаеро баромада Загорский дар рӯбарӯ саги сафеди шиносро дид. Саг уч нишаста забонашро баровардаю тез-тез нафас гирифта ба ӯ менигарист. Дина бегоҳ баъди хӯроки шом ҳамроҳи старшина Руднев беруни дарвоза баромада маҳорка печонда ин сагро он ҷо дида буданд. Вай наҳаросида ба онҳо менигарист. Руднев хост аз ҳезумҳои паҳлӯи дарвоза чӯберо гирифта ҷонибаш ҳаво диҳад, ки Пётр намонд. “Бубин, чӣ гуна саги сафеди зебост. Шояд гурусна монда ба дари мо омадааст” гуфт ва ба ошхона даромада, устухон бароварда надаш партофт. Маълум мешавад, ки ба хотири ҳамон некӣ аз пасаш омадааст. “Эҳ нодон, беҳуда инҷо омадӣ. Ин ҷо ҷанг аст, ҷанг! Баргард ба ҷоят”,- пичирос зад Пётр нигоҳашро аз саг наканда. Саг дуртар рафта нишаст. Пётр баландтар баромада мушоҳида кард, ки якчанд пулемётчӣ ҷойҳоишонро дигар кардаанд. Як гурӯҳ ба сойҷае гузашта, пулемётро то ними ағба баровардаанд. Ӯ Черновро ҳам дид, ки аспаш аз пас саросема қадам мезанад. Дақиқае чанд гузашт. Чернов ба ҷои истодаи Загорский расад. Ӯ аспашро ба Муҳаммадшариф дод ва худро ба таги шах гирифта ба атроф зеҳн монд. Барфи хушк борад ҳам, ҳаво сафедабр ва рӯшан аст. Атроф чун дар кафи даст намоён. Дар баландкӯҳҳо ҳанӯз барфи пешина хоб аст. Роҳи ағба ва пайраҳаҳо сафед мешаванд. Дарахтону буттаҳои атроф низ ба тадриҷ сафед мешаванд. Роҳи кӯҳӣ лағжону пурлой бошад ҳам, ҷанговарон сустӣ намекарданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо