Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Чернов ба аломати ризо сар ҷунбонд ва назараш ба сарбози чашмонаш баромадаи сафедрӯйе, ки байни маҷрӯҳҳо гашта, онҳоро тир мезад, афтид ва тозиёнаро бардошта ӯро қариб мезад.
– Гум шав аз назарам, разил! – дод зад ба сараш. – Рав қората кун! – Ва дар дил тасдиқ кард, ки аз дастаи Загорский аст.
Бригада нисфирӯзӣ ағбаи Оккӯталро убур кард... Баъд аз ду соат ҳама ба поёни ағба фуромада, боз каме роҳ гашта, ба работе расиданд, ки болорҳои бурс дошт, сақф ҷое фурӯ рафтаву оби барф рехта, фарш ях кардааст. Саҳни пешро бо шоҳбаст маҳкам карда, ҷойи молпанаҳ кардаанд. Дар даромади работ ду хоначаи сангин ҳаст. Дар надоранд. Дохилашон бӯи порую намади сӯхта мекунад. Чил-панҷоҳ қадам поён ду чашма ҳаст, ки як даҳанай об доранд. Поёнтар ҳарду якҷоя мешаванд. Дар ду тараф заминҳои корам ва барфпӯш хобанд. Ҳоло барф мондааст. Ин тарафи ағба зиёд боридааст, ки, ба қавле, сари хас наменамояд. Ҳаво хунук аст.
Чернов дар назди Пётр, ки пуштанги аспашро суст мекард, сагро дида табассум кард.
– Пётр, ин сагро харидӣ? – пурсид ӯ. – Дар тори ағба ин ҳам аз паси душман дӯгу пӯписа дошт.
– Босмачиро бисёр бад мебинад, – ҷиддӣ шуд Пётр.
– Инҳо чӯраҳои қадим, на ҳамдигарро ёфтаанд, – гуфт Манучеҳр. – Номашро Белий мегӯяд.
– Рост, ӯро дар деҳае, ки шаб хоб рафтем, дидам, – гуфт Пётр.
Чернов аз Муҳаммадшарифу Семёнов, ки бо ҳам суҳбат доштанд, пурсид:
– Шабро дар ҳамин ҷо ба рӯз барем, хуб нест? Аз он ки пеш рафтаю мабодо дар бевақтӣ беҷой монем?
Муҳаммадшариф ба атроф зеҳн монд: замин, хору арҷаҳои қади дара ҳама барфпӯш. Болои сангҳои хона барини ду тарафи сой низ барф қади зону хоб рафтааст. Аз фикре, ки шаб ин ҷо мемонӣ, дилатро тарсу ваҳм фаро мегирад. Аллакай аз ҷониби ағба шамоли сарди бегоҳӣ беист ғув-ғув мевазад.
– То Бойсун боз се-чор соат роҳ аст, - мегӯяд Муҳаммадшариф ва ночор меафзояд: - Монем хубтар, шамолпанаҳ...
Семёнов чизе нагуфт. Аз замоне, ки аспаш ба ҷарӣ рафт, болу параш шикастааст. Онҳо роботро чарх заданд. Нигоҳи Чернов ба аробаҳои рораи хизмати ақибгоҳ афтид, ки аллакай нисфи ағбаро фуромадаанд. Дар аробаи пеш мурдаи Гриша Дудкин бор аст. Дили Чернов таҳ мезанад. Дирӯз ҳамин вақти рӯз буд, ки мо дар теппаҳои пурлойу лағжони он сӯи ағба ҷойи шинак мекофтем. Дасту панҷа либосҳомон то ним тару лой. Лекин, Гриша, ту хурсанд будӣ, ки шинакҳои хуб сохтем. Бо ханда мегуфтӣ, ки рафиқ командир, баъде, ки мошинҳои мо ба кор даромаданд, он тараф кор ҳал шуд гӯед. Ва гуфтаат баромад. Аммо чӣ шуд, ки роҳатро дигар кардӣ?
Муҳаммадшариф аз пас қадам зада, ба тариқи маслиҳат илова кард:
– Барои Гриша ҳамин ҷо манзил кунем-чӣ? Аз он ки ба ароба бор карда, мебарем... Насиб бошаду пагоҳ ба ҷанг дароем... Ба ҳар ҳол ҷанг-ҷанг аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо