Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Поёнтар аз Манучеҳр сардори ротаи 2-юми мусулмонӣ Исматов Давлат сарбозонашро ҳадаҳа дорад. Ӯ пеш дар шӯъбаи милиса кор мекардааст. Вай ҳам ҷавони дилпур менамояд. Чернов андешид, ки “Манучеҳр ҷанговари хуб шудааст. Ҳамаи взводаш ҷавонони хуб. Дар ҷанг аз русҳо камӣ надоранд. Мегӯянд, ки ин мардум рӯҳияи силоҳшӯрӣ надоранд. Гап дар шароит ва тарбият аст.” Ӯ дар наздикии тори ағба саги сафедеро дид, ки аккас задаю ба қатори сарбозон тохта, пеш меравад. Гумон кард, ки саги чӯпоние инҷо омадааст.

Ба сари ағба наздик шудани дастаи Манучеҳр ба дигарҳо илҳом бахшид. Хоки замини сари ағба лағжонак аст. Ин ҷо шибоку тоғун зиёд аст. Ҷанговарон аз якдигар ақиб намонем гуфта, тез ҳаракат мекунанд. Ба назар менамояд, ки ҳатто ҳаракати аспҳо дигар шудааст. Онҳо ҳам мегеҷанд, меафтанд, фукашон ба замин мезанад, қасар-қасари сулукашон мебарояд ва боз саросема хеста, кӯшиш мекунанд, ки аз соҳибонашон ақиб намонанд. Чорводарҳо наздик шудани ғалабаро ҳис кардаанд.

Эркатулфори Манучеҳр дар ҳамин ҷо ҳам мулоимхунукӣ дорад. Ҳар лаҳза тӯруқи Амонро газидан мехоҳад. Дар ин асно Муҳаммадшариф хабар овард, ки Дудкин тир хӯрдааст.

  • Тир хӯрдааст?! Гриша? Аҳволаш хуб аст? - Чернов рӯйи ҳам савол дод ва афтидаю хеста ҷониби теға шитобид. Ершов ҳам овозаро фаҳмида, давида омад. Аллакай дар назди Дудкин чанд нафар ҳамярокон ҷамъ омадаанд. Сергей Таратухин аз дастаи тӯпчиҳо куртаи тагашро даронда ҷароҳатро баст. Онҳо пештар шинос будаанд. Чернов аз чашмони беҳоли Дудкин пай бурд, ки аҳволаш хуб нест. “Зуд ба ароба бор карда ба беморхонаи Когон баред”, гуфт.

  • Ба роҳи дур бурда намешавад,-Ершов сар меҷунбонад ва Чернов аз оқибати кор пай мебараду рӯи Дудкин ҳам мешавад. Тир аз гардан даромадааст. Либосу дасту рӯяш ҳама лойолуд.

  • Гриша, азизам, ин ғалаборо ту кардӣ, ту роҳ кушодӣ! - гуфт Чернов ва ҳис кард, ки кор аз кор гузаштааст. Зараҳои барф ба чеҳраи сафедшудааш нишаста, ба зудӣ об намешаванд. Наход... Чернов пеши фикрашро медорад. Дақиқапас аз дилаш гузашт, ки ҷанговарон дар теға ӯро интизоранд. Ба ду нафар фармуд, ки Гришаро ба ароба бор кунанд. Раҳораҳ овози Ершов ба гӯшаш расид: ”Ин чӣ гуна барф аст! На дурусттар меборад, на бас мекунад!”

Дар наздикии теға дар ҳар тараф мурдаю маҷрӯҳони қӯшуни амир ба назар мерасанд. Аз ҷониби худашон ҳам чанд мурда хоб аст. Дар болояшон барф нишастааст. Агар ин шаб барф зиёд борад, дигар то баҳор намехезад. Аз қади одам ҳам баланд шуда хоб меравад. Баъзе маҷрӯҳон дар болои барф, ки аз хунашон сурх шудааст, нишастаю бо овози баланд гиря доранд. Либосҳои аксари сарбозон шип-шилта шудаю ҷое лой, ҷое хунолуд аст. Баъзеҳо бо сари бараҳнаву пойлуч. Маълум, ки кафшҳои чӯбин аз пойҳошон афтидаанд. Аз афташ, хунукиро ҳис намекунанд. Нигоҳҳошон бетафовут. Ба марг тан додаанд. Муҳаммадшариф тез-тез қадам зада омад. Чернов аз ҳавои омаданаш аз ҳоли Гриша воқиф шуд. “Фармудам, ки мурдаро бор карда то таги ағба фуроранд”, - хабар дод Муҳаммадшариф.

пешина
аз 613
навбатӣ