Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Оқибати кори хӯҷаин чӣ шуд? Мурд ё не? – савол дод кадоме.

– Оқибати кори вай ба ману ту дахл надорад, – Манучеҳр оташро тарафи худаш кашиданӣ шуд. – Аммо оқибати кори рафиқамро медонам, кӣ дигар ба вай тиру шамшер асар намекунад. Ҳатто тири дайду дилу гурдаи тарафаш омадан намекунад.

– Ҳикояи хуб, – гуфт Семёнов нигаҳашро аз Манучеҳр наканда, – дилам сабук шуд. Лекин ваъдаи аспи хатлиро фаромӯш накун.

Руднев ҷониби Манучеҳр истеҳзо кард:

– Мирзоев, ту аввал ба старшина асп ёб.

– Дар ҷои мо старшина харсавор мегардад.

– Наёфтӣ, аспи худатро мегирам.

– Аспи вай аҷали муаллак аст. Аз санги кӯҳ ҳам мехӯсад, – гуфт Загорский ва аз ҷайбаш дафтару қалам гирифта аз Манучеҳр пурсид.

– Боз ҳамин гуна ривоят медонӣ? – Вай агар ривояте шунавад, ба дафтараш менависад, ёддошт мекунад.

– Мо китобе дорем “Маснавӣ” ном, ки саршор аз чунин ривоёту масалҳои олӣ аст.

Чернов дигар ба гуфтугӯи ҷанговарон гӯш надода, танҳо атрофро чарх зада, то наздикии дарахти чинори сершоҳ рафта, пас ақиб гашт. Назараш ба сарбозони қади сой афтид, ки тахмин панҷоҳ нафар аз ротаи мусулмонӣ дар ду соҳили яхкарда остин барзадаю шимҳоро фароварда, таҳорат доранд. Ӯ ҷониби Муҳаммадшариф, ки ба аспҳо беда мепартофт, шиддат кард:

– Инҳо девона шудаанд? Дар ин хунукӣ зарур аст, ки дар оби ях таҳорат кардан? Нав аз ағба фуромаданд. Танашон ҳоло гарм!

– Бе таҳорат намоз хондан намешавад, – Муҳаммадшариф механдад. – Инҳо саросемаанд, ки намози аср қазо нашавад.

– Об хунук не, – мегӯяд сарбозе оби оринчҳояшро пок карда.

– Қазо хонанд чӣ? – пурсид Чернов.

– Дар вақташ хондани намоз савоби бештар дорад.

– Задани душманро ёд гиранд, савоби ҳарду олам дар ҳамон.

– Қазо хондани намоз мисли он аст, ки ҷомаи навро аввал шӯию пас бипӯшӣ, – Муҳаммадшариф аз таҳоратгарҳо чашм намеканад.

– Баъзе ҳилаҳо доред-ку! Даст дар хок задаю махс мекунед. Ҳамонро кӯнанд, хуб нест?

– Таяммумро мегӯед. Таяммумро дар ҷойи беоб мекунанд. Ин ҷо, шукр, ду чашмаи оби равон.

– Аслан дини исломро мушкилу ноҷӯр кардагӣ шумо, суннатиҳо! Санг дигар мешавад шумо суннати бобоӣ гуфта ҷон медиҳед! Охир “дин ақл аст” гуфтаанд! Либосҳояшонро хушк кунанд, ақалан. Агар ягон нафараш бемор шавад, ҳамаро пеш мекунам. Армия ҷойи панҷ бор таҳорату панҷ вақт намозхонӣ нест! Армия майдони мардию хунрезию қаҳрамонӣ нишон додан аст.

– Александр – ака, нерӯи эътиқод намемонад, ки инҳо касал шаванд. Вақте ки дар намоз рӯбарӯ ба Худо меистӣ, аз хунукӣ зарраре дар тан намемонад. Баръакс, оромию роҳат ҳис мекунӣ.

пешина
аз 613
навбатӣ