Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Чернов розӣ шуд. Дуртар аз роҳ зери чиноре қабр канда, бо иззату ҳурмати ҳарбӣ Дудкин Григорий Викентевичро ба хок супурданд.
Саранҷом хару хачирҳои ротаи хизмати ақибгоҳ ҳам расиданд. Ба назари Чернов чунин намуд, ки хачирҳояшон кам шуданд. “Яқин дар ҷариҳо афтидаанд.” Ҳамакаса работу аз барфу пору тоза карданд. Яхашро лахта-лахта канда берун партофтанд. Яке аз хоначаҳоро вайрон карда аз чӯбҳояш оташ дардоданд ва ба яке маҷрӯҳонро - ҳабдах нафар тир хӯрдаҳоро, ки дар аробаҳо буданд, ҷой доданд. Аз рӯйи хабари рафиқон мурдаҳо камтаранд. Дар чанд ҷой гулхан гиронданд. Ҷанговарон дар атрофи гулхан либос хушк кардаю ба хазлу шӯхӣ пардохтанд. Гармии оташ ҳама ташвишу азобҳоро аз ёд бурд.
– Иқлими кишваратон мисли кӯдаки эрка аст. – Семёнов гарданашро молида, нигоҳашро аз Манучеҳр намеканад. - Як рӯз намедонӣ аз гармӣ саратро ба куҷо занӣ, рӯзи дигар мебинӣ, ки ҳама ҷо барфу ях.
– Рафиқ лейтенант, ба марги аспат зиёд азодорӣ накуну чеҳратро кушо! – гуфт Манучеҳр бо ҷиддият. – Ба Бойсун, ки расидем, худам бароят асп меёбам. Аспи хатлонии мо аз аспи донии шумо як сару гардан боло аст.
– Аспро чашми ту гирифт, - Семёнов наздиктари оташ рафт.
– Дар мо як масали кӯҳна ҳаст, - гуфт Манучеҳр, - “Моли нағзат мурад, хурсанд шав,” - мегӯянд.
Аз ҳар тараф садо баланд шуд.
– Далел!
– Таъбир кун.
– Хуб, гӯш кунед, – Манучеҳр овоз баланд кард. – Рафиқи кӯдакии Довуд пайғамбар, надааш омада, илтиҷо кард, ки забони сагу хурӯсро ёдаш диҳад. Хуб ёд дод. Боре дастархонро афшонд, ки як пора нон афтид ва то саг анамана кард, ки хӯрӯс онро бардошта дуртар бурда, тез-тез нӯл зада хӯрд. Саг ранҷида, гуфт: “Худат медонӣ, ки ин чашмгуруснаи хӯҷаин се рӯз шуд, ки ба ман чизе надодааст. Ҳамон пораи нонон барои ман мемонд. Ба ту дон ёфтан осонтар.” Суханат ҳақ, – гуфт хӯрӯс ва хабар дод, ки баъди се рӯз аспи хӯҷаин мемурад. Ана пас хона пури гӯшт мешаваду шикамсерӣ мехӯрӣ”. Ин суханро хӯҷаин фаҳмиду фавран аспро бозор бароварда фурӯхт. Саг аз ҳол воқиф шуда хӯрӯсро хуб таъна кард: “Шумоён пушт ба пушт каззобу дурӯғгӯед! Дар ними шаб, “субҳ шуд!” гуфта мардуми хобро мехезонед.” Хӯрӯс гуфт: “Чӯра, ту саросема нашав. Хӯҷаин намонд, ки асп мурад, кори хуб накард. Акнун уштураш мемурад”. Ва хӯҷаин ин суханҳоро шуниду уштурро бурда фурӯхт. Саг боз ба таънаи бештар пардохт. Хӯрӯс гуфт: “Ин чашмгуруснаи хӯҷаин ба худаш бад кард; акнун худаш мемурад.” Хӯҷаин назди Довуд пайғамбар рафта, воқеаро баён кард. Довуд чунин ҷавоб дод: “Ошно, чӣ хатое кардию соҳиби осмонҳоро ранҷондӣ, ки санги қазоро ба сари аспат ҳаво доданд. Ту ба таврат доноиятро нишон дода аспро фурӯхтӣ, ки санг ҷониби уштур гашт. Ту бошӣ, ба ҷои ибрат гирифтану тавба кардан якравӣ карда, боз ҳам нагузоштӣ. Акнун он санг гашта ба осмон намеравад. Ногузир аст, ки ба сари худат занад.” Ва ту ҳам, рафиқ лейтенант, аза нагир, баръакс хурсанд шав, ки он балои аз осмон омада ба аспат зад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо