Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Манучеҳр шӯрбо оварда, сари Юсуфро бардошта, лаби косаро ба даҳонаш дошт. -Ман нав аз ҳолат огоҳ шудам. Амон хабар дод, - гуфт, овозаш меларзид.

Юсуф шӯрборо як бор ошомиду сулфааш гирифт ва шикамашро дошта, бо нолиш “бар, намехӯрам” гуфт.

Чернов Манучеҳрро бо ишора дуртар бурда пурсид:

  • Арақ мехӯрад?

Манучеҳр ба ишораи “не” сар ҷунбонд. Ва илова кард. -Табиб дида, гуфтааст, ки ҳолаш хуб нест.

  • Вай табиб ин гуна ҷароҳатҳоро надидааст. Як пиёла арақро пур карда маҷбур деҳ. Тавонӣ, ду пиёла деҳ, фоида дорад. Доруи иштиҳо гӯй.

Чернов лаби оташдони назди хона чой гирифт. Чойҷӯши Муҳаммадшариф дар ҷӯш аст. Муддате гузашт, кабоб оварданд.

  • Ин гӯшти гӯсфанде, ки Манучеҳр харидааст, - гуфт Загорский ва ба атроф нигарист. -Худаш куҷо рафт? Мепурсидем, ки пулашро дод ё баъди инқилоб медиҳад?

Муҳаммадшариф як пиёла рӯғани таги кабобро назди Чернов гузошта гуфт.

  • Александр-ака, ҳаминро нӯшед, то пагоҳ хунук намехӯред.

  • Худат ҳам менӯшӣ?

  • Ман аввал бо чой ташнагиамро шиканам.

Бештари сарбозҳоро баъди хӯрок зуд хоб бурд.

Чернов ба Загорский фармуд, ки дар атроф посбон монад.

  • Александр Николаевич, дар чунин аҳвол кӣ ба ин ҷо меояд? Хирсро бандед, намеистад.

  • Ман ба хирс кор надорам,- Чернов шинели дар китфаш партофтаро пӯшид.- Низомнома посбон мон мегӯяд, вассалом. Ӯ атрофро чарх зад. Ба назар менамояд, ки сафедии барф шабро рӯшан кардааст. Аз ҷониби ҷангале, ки дар тарафи рости ағба доман паҳн кардааст, ҳар гуна садоҳо шунида мешаванд. Аз афташ он ҷо шамол сахт мевазад. Ҷанговарон назди оташ гурӯҳ-гурӯҳ ба ҳамдигар ҷафс шудаанд, баъзеҳо дароз кашидаанду баъзеҳо сӯҳбат доранд. Ду-се гурӯҳ таги девори хонаҳо хобанд. На парвои шамол доранд, на парвои замини ях. Хоби ширини ҷавонӣ бар ҳама чиз пирӯз гаштааст. Дар гӯшаи дигар ҷанговарони солманд оҳиста ва ба навбат аз шаҳрҳое, ки тасарруф карданд, воқеаҳои он ҷойҳо рӯйдода ва аз хуторҳояшон гуфтугӯ доранд. Дар давраи дигар ба завқ аз ҷангҳои бо генерал Дутов кардаашон ва оқибати кораш, ки гӯё ба се ҳазор аскар ба Чин гурехта он ҷо аз гуруснагӣ азобу азият мекашидаанд, сӯҳбат мекунанд. Полки мусулмонӣ (он ҷо бештар бухороиҳоянд) дар кунҷи ҳаёт ҷо гирифтааст. Онҳо бо овози баланд гуфтугӯ мекунанд. Ҳезум фаровон, оташ забона мезанад. Чернов қадамашро суст карда ба сӯҳбаташон гӯш медиҳад.

  • Бовар кунед, ними армияи амир бухороиҳоянд.

  • Ҳама гурезаю аламдорҳо ҷамъ шуда ба ҷанг омадаанд. Писари эшон Абдулазиз Шоҳмуродро дар пайраҳои охири ағба дидам, ки саллааш кашол мегурезад. Ба пояш нишон гирифта андохтам, нарасид.

  • Чаро ба пояш? Ба тахтапушташ мезадӣ. Зани ҷавонаш бева мемонад (Соҳиби овоз механдад) Кошки дар Бойсун ба дастам афтад.

пешина
аз 613
навбатӣ