Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Ман Махсуми Мирбадалро дидам! Вай ҳам ғалтидаю хеста, ҷонсарак мегурехт.
– Лекин эшони Абдулазиз ва фарзандҳояш ҳама одамони безарар буданд. Мурдаю зиндаи гузари Чӯи Чапаро онҳо саришта мекарданд. Маҳаллаи худамон ҳам беморҳояшонро назди онҳо мебурданд. Куфу суф мекарданд, бемор ё ин тараф мешуд, ё он тараф. Хонаашон барои гузарамон мисли шифохона буд. Ба ивазаш чизе аз дил бароварда медодӣ, қонеъ мешуданд. Ба мардум дар роҳи Худо ройгон хизмат мекарданд.
Писари калонишон Абдуқудус қасидахон буд. Ба касе ҷин ёр мешуд наздаш мебурданд. Вай аз қабили кофирҳо ё мусулмонҳо будани ҷинҳоро медонист. Ба ҳамонҳо забон ёфтаю аз тани бемор зада ҳайшон мекард.
– Безарар буданд ё не, дигар рӯйи Бухороро намебинанд.
– Рост, намонанд дигар ин гуна эшону махдуму тӯраҳоро ба Бухоро даромадан! Бас аст болонишинии онҳо!
– Акнун оқипадарҳои фирқашударо боло мешинонем! – Салладоре қаҳ-қаҳ механдад.
– Оқипадарҳо Армияи Сурх доранд. Эшонҳо кӣ доранд?
Чернов роҳашро давом медиҳад ва фикр мекунад, ки зиндагӣ ва тартибу низомеро, ки мардум дар садсолаҳо ба он одат карда буд, дигар кардан лозим. Оё он зиндагие, ки мо месозем, ба ниёзҳои мардум ҷавоб мегӯяд? Бояд гӯяд. Дар Урупо беморро назди духтур мебаранд, на ба назди мулло. Яъне он мавҳумоту хурофотро нест карда, зиндагие бар асоси илму дониш бояд сохт. Лекин барои чунин корҳо хеле вақт лозим аст. Чӣ қадар вақт лозим Чернов тасаввур карда натавонист.
Оташ домани кӯҳро равшан кардааст. Дар болои барф сурати забона зада-нашро мебинӣ. Ба хотири Чернов шаби пурситораи ағбаи Китоб омад. Шабе, ки ба аморати Бухоро ҳуҷумро шурӯъ карданд. Он замон фикр мекард, ки дар Бухоро низ мисли Уфаю Уралск ва дигар шаҳрҳо дар як ҳафта ё як моҳ инқилоб ҷорӣ мешаваду ба ватан бармегарданд. Лекин ним сол гузашту ин ҷо ҳоло интиҳои ҷанг намудор нест. Мегӯянд, ки Фрунзе рафту кори фронти Туркистон суст шуд. Ин суханҳо ҳақиқат ҳам доранд. Вай, ки ин ҷо калон шуда буд, урфу одату шароитро хуб медонист. Лекин хабаре, ки вагонашро кофтуков кардаанд, чун тарошаи аз бом афтида шуд. Аз афташ, аз хазина ба ғайри таппонҷаву шамшер боз чизҳои дигар низ гирифтаасту хабар ба Масков рафтааст. Одамӣ-дия, ҳамаамон сустию камбуд дорем.
Черновро овози саг ба худ овард. Белий ӯро дидаю гурдапур шуда то сари чашма рафтаю ҳайбат дорад. Ба дилаш омад, ки овози саг ба кас ҳисси хушёр буданро илқо мекунад.
Шамоли шаби чилла ба мағзу устухон кор мекунад. Чернов тоқат накарда ақиб гашт ва дар давра бесаранҷомиро мушоҳида кард. Карим-ака ҳам он ҷо буд. «Яқин ҳоли Сафаров бад шуд!» Ба Манучеҳр рӯбарӯ омада пурсид: «Гуфтаамро кардӣ?»
– Не, фаҳмид, ки арақ аст, нахӯрд. «Мабодо мураму маст ба қабр монед-, чунин шармандагиро намехоҳам», гуфт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо