Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

монро доштаю таъқиб ва кофтаков мекарданд. Бо ҳар баҳона кашола карда, ба постгоҳҳо бурда, пулашонро мегирифтанд. Ба ин нигоҳ накарда, ба хонаи ҳамсоя рафтам, ки аз болохона фарёду фиғон меомад. Баромада бинам, сарбози ғафсаки сиёҳандоме наган дар даст Давлатро задаю сару рӯяшро сиёҳу кабуд кардаасту ба русӣ пӯписа дорад: “Ҷойи тиллоро гап зан!” Давлатым маро дида, гиря кард: “Махдум, ба ин золим гӯйед, ки ман тилло надорам. Ба ман бовар накарда, як дастамро тоб дода шикаст”. Дидам, ки сарбозро на ин ки ба сари инсоф овардан намешавад, балки маро ҳам мепаронад, гуфтам “рафтем, ман тилло медиҳам”. Сарбоз озмоишкорона ба сӯям назар андохта гуфт: “Офарин! Ту бухороии асил менамой!” Лекин ман ин мумсики чиркинро мепаронам!” Ва пурсид:
– Хонаат дур аст?
– Мо бо ин мард ҳамсояем, -гуфтам ба русӣ.- Дар ҳақиқат ин тилло надорад. Кӯҳнадӯз аст, базӯр рӯз мегузаронад.
– Хуб, барои он ки бо ту ҳамсоя будааст, намекушам, -гуфт сарбоз. Вай овози баланд дошт. Нигоҳаш хашмист, риши зангди нотарошида рӯяшро пӯшидааст.

Ҳангоме ки аз зинаҳо нишеб шудем, фикр кардам, ки поён телааш диҳам, ба чӯи об афтад, ҳеҷ балош намезанад, хеста паронданаш мумкин. Аз дарвоза берун шудему наганашро ба ғилоф андохт. Ман ки ин лаҳзаро мепойдам, хез зада аз гиребонам дошта, ба зону ду маротиба ба шикамам задам. Сарбоз марди бақуввати машқкарда будааст, ки тан надода аз гиребонам дошта “Гад! Сволоч! Убью!”- гуфт. Роҳгузарҳо ҷамъ шуда, моро тамошо мекарданд. “Болои дарда - чипқон” гуфтаӣ барин, ин вақт аблаҳи Давлат аз пас моро дорад, мешавад: “Назанед, дар балояш намонем”, мегуфт. Ҳаромӣ, аввал туро мекушам гуфтам ки сар дод. Дав дақиқа барин занукӯб кардем, ки як взвод аскари сурх аз кӯча қатор гузашта, моро дида давида омада, аз ҳам ҷудоямон карданд. Ба Давлат гуфтам, ки зуд илоҷ карда воқеаро ба Файзуллоҳ расон! Ба хонаи Атохоҷаи писарамакаш даро! Онҳо мерасонанд. Сардори аскарҳо як ӯзбеки тошкандӣ (аз лаҳҷааш шинохтам) аз дасти сарбоз, ки мехост маро паронад, чолокӣ карда нагапро гирифту ба шиддат ва лаҳни ӯзбекӣ маро пӯписа карда:” Гӯй, ки ҷангро худаш шурӯъ кард! Бе асос маро зад, гӯй!” Фаҳмидам, ки тарафи маро мегирад. Назди гарнизон рафтему ӯро ба гуфти худашон ба командирашон супориданд. Маро ба охтахонаи воқеъ дар паҳлӯяшон ҳабс карданд. Он ҷо бандиҳо бисёр буданд. Баъзеҳоро, ки зада афгор кардаанд, дар нолиш буданд, баъзеҳо беҳуш бо чашмони кушода дар бораи порӯи хушкшуда дароз хоб рафтаю ба хаёл фурӯ рафтаанд.

Касе напурсид, ки ба чӣ сабаб туро оварданд? Дар он шабу рӯз гуноҳи бухорӣ мазлум буд. Касе тилло намедод, фотеҳонро ба салоҳ даъват мекард, мулло гуфта ё мепаронданд, ё зиндон мекарданд. Рӯзи дигар маро ба зиндон мебурданд, ки шумо вохӯрдед. Шаб ду нафар моро аз зиндон бароварда ба фаэтон савор карданд. Аз овозашон фаҳмидам, ки кор ба некӣ аст. Шаб кӯрмаҳтоб буд. Шамоли сахте, ки аз ҷониби қибла мевазид, хокрӯбаи кӯча ва барги дарахтонро ба ҳар тараф пош медод. Мо ба назди бинои дуошёна, ки пештара “Ширкати Пунба” мегуфтанд, омадем. Ду-се долонро гузашта ба хонаи калон

пешина
аз 613
навбатӣ