Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданоилаҳо бесаробон монданд ва чӣ ҳоли ҳозир доранд. Ҳама барои он будааст, ки ин “донишманд”-и қасофат раис шуда дар ин курсӣ нишинад. Корҳои кардаю роҳи рафтаам дар назарам нафратангез намуд.
- Шумо он Файзуллоҳи пешина не,-гуфтам. Ба хотир биёред, он рӯзҳое, ки... Суханамро ба шиддат бурида бо ғазабу таъна гуфт:
- Махдум, Бухороёнро дусад сол боз манғитҳои қасофат чарида мегаштанд! Шумо хуб медонед, ки касе ҳад надошт пишаки амиру атрофиёнашро пишт гӯяд. Ҳама номдорони Бухороён туқсабою миршабу мирохур мусаллафу муваззаф будед, ки баробари ба қад расидани духтаратон аризаи ихлоси нависед: “Каниз ба хоки остони ҳузури муқаддас омада аст.” Духтар хушрӯ бошад, домод худи Олимтӯра мешуд. Не мегуфтед, дар пасатон чӯб мезад. Мактабу маорифатон ҷои мазоҳ буд. Солҳои охир...
Ман ҳам суханашро бурида, гуфтам: - Бале, касе ба амир ҳамнишин буду мансаб дошт, барои ҳурмат мепурсид, ки фарзандаша тӯй кунад ё не. Пагоҳ - фардо шумо ҳам аз болшевиқҳоятон мепурсед. Ин одоб аст, фарҳанги мост.
- Мо ҳеҷ вақт намепурсем! Ин хӯи ғуломӣ дар шумо буд! Дигар ин суханро ба даҳон наоред! - Файзуллоҳ пасмондаи папиросашро партофта дарҳол дигарашро гирифту ба рӯям нигариста афзуд:-Чаро хотираи мо мардум ин қадар заиф аст? Шумо, Махдум, ҳамроҳи мо будед ва медонед, ки чӣ гапу корҳо шуд! Дар намоиши “шукрона”-е, ки се сол пеш баргузор кардем, амиратон ҳазор нафари моро кушту зиндонӣ кард. Колесови урусро зорӣ кардаю бо дастааш овардем, ки ислоҳот гузаронад. Амир хуб гуфту фирибмон кард. Шабона роҳи поездро канда, чӣ азобҳоге ба сарамон овард. Одамонро фақат барои он, ки ҳаводори мо буданд, гӯшу бинию забон бурида, дар пасатон чӯб задаю луб луч дар симчӯбҳои қади роҳ овехт...
- Файзуллоҳ, биёед гузаштаро мемонем,- гуфтам. Аҳволи ҳамин рӯза гӯем. Ҳоло ҳама хонаҳою масҷидҳо месӯзанд. Масҷид чӣ гуноҳ дорад?!
- Чаро гузаштаро мемондаед? Ҳамаи ин корҳо аз гузашта омадаанд.- Файзуллоҳ курсиашро пештар давонада, бо ғазаби ошкоро гуфт:
- Ҳазор сол аст, ки дар майнаи дармондаи шумо ҳамин қадар гап аст: “Масҷид рафтем. Масҷид сохтем!” Кай дарк мекунед, ки замонаи масҷуду зарбу залилӣ гузашта рафт! Замони мактаб аст, илм аст. Ақаллан фарзандоятонро хононед, ки худатон барин муғамбиру махдумнусҳа нашаванд!
Файзуллоҳ аз болои курсии раиси ҳукумати Бухоро сухан мекард. Ҳак дошт ба ҳар оҳанге хоҳад, сухан кунад. Ман бошам, маҳбус будам, ба тариқи маслиҳат гуфтам: - Ман бо ин болшевиқҳоятон ҳеҷ гоҳ пайванд намегирам. Болшевиқҳо ба мардуми мо газанди зиёд расонданд.
Файзуллоҳ ба тамасхур ба рӯям нигариста гуфт: - Ба пайвандгирии шумою шумобаринҳо касе зор нест. Ҳамин дудилагию бечуратие, ки дар хуни мо вуҷуд дорад, моро ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасонад. - Ба соаташ нигаристу саросема хесту дарро кушода, бо сардӣ афзуд:- Равед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор