Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

гӯшаю он гӯша корду калтаки масхарашонро бардошта, ба таврашон “чиҳо” мекунанд. Кошки аз дасташон ҷиҳод ояд. Фақат номбадкуню аблаҳӣ!

Ман ҳам ба оҳанги худаш гуфтам:
– Мулло Файзуллоҳ, корҳои бадро болшевиқҳо ҳам мекунанд. Шахси намозхону худотарсро ба ҳукуматашон роҳ намедиҳанду дузду модарбаҳаторо худашонбарина улфату ҳамқадаҳ месозанд.

Ӯ турушрӯ шуду папиросашро дар лабаш тоб дода болои ҳам кашид. Бе фурсат надода афзудам:
– Инҳо ба мо бовар намекунанд, шумо ҳам аллакай фаҳмидагистед. Ва озмоиши ҷангу пешравиҳои Анварпошоро дар назар дошта пурсидам: – Ҳукуматат мустаҳкам истодааст?

Заҳрханда кардаю бо нафрат ба рӯям нигариста гуфт:
– Кӯҳ барин! Ягон қувва аз ҷояш ҷунбонидан наметавонад. Умеди баргаштани амирро аз дилатон дур кунед!

– На ба амир кор дораму на ба дигараш, – гуфтам. – Пурсиданям, ки:
датон сахт истодаед ё не?

Ба суханам эътибор надод ё нафаҳмид, ки лаҳзае нигоҳаш ба самте дӯхта шуду гуфт:
– Мардуми мо ҳунари давлатсозию миллатсозӣ надоранд, фарзандҳояшон ба хизмати ҳарбӣ намедиҳанд. Аз хонаҳо ба зӯрӣ мегирем, баъд мефаҳмем,
камонро гирифта гурехтаанд.

Сӯҳбати Мустафо Чоқайро, ки панҷ сол пеш дар газета чоп шуда буд, ёдаш овардам: “Ин кишвар лабрези муллору мадраса аст, аммо одаме намеёбӣ, ки кори армияро ба роҳ монад”.

– Бубинед, аз он гуфтаҳо панҷ сол гузашт; ин мардум чӣ қадар ба сару зад сару гардан шикастаанд, вале як қадам пеш нарафтанд. Вазири ватан шудааст, писарашро ба хизмати ватан роҳӣ намекунад. Агар ҳамин феълашон бошад,
сад соли оянда ҳам дигар намешаванд. Боз мегӯед, ки корҳоятон вазнин аст. Ин миллатро донишманду шоиру сипоҳияш дар сари дастархон лофи хиралдӣю ватандорӣ мезанад, аммо коре пеш ояд, муш барин ба суроҳиҳо даромада нопадид мешаванд.

– Акнун шумо пешво шудед, халқро дигар мекунед, он орзуҳоеро ки доштед амалӣ мекунед, – гуфтам. Ба суханам ҷавоб надода нигоҳашро гурезонд. Ёд овардам, ки ду ҳафта пеш дар газетаҳо муоҳидаи байни ҷумҳурии Бухоро ва Русия чоп шудааст. Дар он омадааст: “Минбаъд ба Русия ҳуқуқ дода мешавад, ки дар гуфтугӯҳои байналхалқӣ манфиати Ҷумҳурии Бухороро ҳимоя кунад. Агар чунин бошад, мухторияти шумо, мисли даврони амир, ба ном мемонад бас. Аз ҳамсояҳоятон як сӯзан барои зарурат гирифта наметавонед, чӣ расад ба тиру туфанг”.

Чеҳраи Файзуллоҳ дигар шуду пурсид:
– Мардум ҳамин гуна суханҳо мегӯянд?
– Ҳа-а, дар чойхонаю масҷидҳо мегӯянд, ки Бухоро боз мисли лашкари манғитӣ дастнигари урус карданд. Мегӯянд, ки дар дигар кишварҳо аз Тошканд ин тарафро Бухоро мегуфтанд. Русҳои Николай омада аз Тошканд то Фарғ

пешина
аз 613
навбатӣ