Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

тасарруф карда, Туркистон ном ниҳоданд. Акнун болшевикони носерамашон Бухороро ҳам соҳибшудаю ҳамаро Туркистон мегӯянд.

Файзуллоҳ аз ҷояш хеста, дар рӯбарӯям истод, аз ғазаб чеҳраи сафедаш сиёҳуна шудаю лунчҳояш ларзиданд, вале овоз баланд накарда гуфт:

  • Ман розӣ, ки ин кор шавад! Сад маротиба розӣ! Ин мардум, агар истиқлолият мехоҳанд, чаро барои он коре намекунанд? Армияи сурх аз тамоми кишвар беку эшонҳои айёшро, ки дум-думи амиру беку бойҳо буданд зада берун кард. Ҳукуматро ба дастамон дод, ки гиреду одамвор зиндагӣ кунед! Инҳо чӣ карданд? Боз дар атрофи ҳамон амири фосиқашон ҷамъ шудаву кафки даҳон паронда дар кӯчаву бозор "Ғазавот фарз шуд! Фармони амир фарз шуд! Динамон фалон шуд!" гуфта ҷор андохтанд! Рус боз гашта омаду ғазавотгӯйро аз дарё он тараф кард. Акнун, ки Анварпошои турк омадаасту "ман домоди халифаи мусулмонҳо" мегӯяд, ҳама орифу омии кишвар дар гирдаш парвона шудаед! Ҷадидҳои дурӯя рафта худашонро пеши пояш партофтаанд. Ҳатто коргарони ҳукумат ба хушомадаш рафтаанд!..

  • Ун сардори комиссияи ки аз Маскав омада ба гуфти худатон пленум гузарондаю дуғу дарангашон кардааст, дар ғазаб шуда аз ӯ рӯ гардондаанд. Мардум ҳамин гапҳоро мегӯянд.

  • Файзуллоҳ сӯям назари тез андохту назди тиреза рафт. Ман ҳам аз ҷоям хеста гуфтам:

  • Амир Олимхон ҳам сарҳад ва сиёсати хориҷиро ба ихтиёри русҳо дода мегуфт, ки бигзор онҳо моро посбонӣ кунанду мо подшоҳӣ. Рӯзе, ки ба русҳо лозим шуд, сарҳадро бастанд ва як тир даровардан намонданд.

Файзуллоҳ гап назад, рӯяшро ҳам нагардонд.

Нигоҳ кунам, дар болои мизаш номаҳои зиёде чапаю роста хобанд. Баъзе бо хуруфоти форсӣ, баъзе кириллӣ, лотинӣ ҳам ҳаст. Ба рӯи ду қоғази маҷақи сигор навишта шудааст: "Зуд ба бригада гӯшту равған фиристед!" Поёнтар изофа шудааст: "Бароталиро ба нозироти замин ба кор монед!" Ва имзои сардори полки 7-ум тирандозӣ В. Бобров. Дар дигаре "Хидировро ба кумитаи андоз ба кор гиред!"- сардори ротаи фалон, Давлатов ва имзо. Қоғазҳоро бардошта пурсидам:

  • Ин супоришҳоро иҷро мекунед?

Ҷонибам нигоҳе андохту боз ҳам чизе нагуфт. Аз нигоҳаш чунин маъно пай бурдам: «Вақти ҳамаи инро ба ту фаҳмондан нест».

Мақсади омаданам ба хотирам омаду истиҳола карда истодам, ки худаш “чӣ кор доред?” гуфта пурсад, баъд мегӯям. Ба даҳонам омад, ки кори Анварпошо чӣ мешавад? Мегӯянд мардум тарафдораш ҳастанд.

  • Чӣ мешуд? Русҳо сари тираш мекунанд.- Файзуллоҳ тирезаро кушод ва афзуд: - Чолокӣ кунад, гурехта ба Афғонистон меравад. – ӯ бо охинге ин суханро гуфт, ки гӯё масъала аллакай ҳал шудааст. Он вақт фикре ба сарам омад, ки ин бадъамол ҳама қабоҳату чоплусиҳоро мекунад, то ки дар сари қудрат монад.

Ин вақт дар саҳн марди низомипӯше пайдо шуда бо қадамҳои устувор сӯи бино омад. Файзуллоҳ ҳам ӯро дида бесаранҷом шуда ба абруи гиреҳ аз ман пурсид:

пешина
аз 613
навбатӣ