Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ҳин овоза шуд, ки русҳо бо қушуни маҳшар аз Бухоро баромада, сӯи Бойсун меоянд. Анварпошо ҳарчанд аз номи домоди Халифатӯлмуслимин ба райсону қозиҳои шаҳру деҳот нома навишт, ки ба ҷанги куффор ҳозир шаванд, дигар фоида накард. Ба касофатии ихтилофи қабилавӣ кор чунин шуд, ки узбекҳо даста-даста ҷамъ омада, ҷониби Лақай, назди Иброҳим мерафтанд, тоҷикон сӯйи Балҷувон ба гирди Давлатманд ҷамъ меомаданд. Касе, ки хонаю дараш осеб дида буд, дигар ҳаваси ҷанг намекард. Бо кӯшишу илтимоси Анварпошо худуди се ҳазор одам ҷамъ шуд. Охирҳои моҳи июн мо ба роҳ баромадем.
Ба деҳаи Андигони Қофарниҳон расидему Анварпошо ба Иброҳим, ки бо аскараш дар деҳаи Мавлоно истиқомат дошт, одам монда, гуфт: «Ба ваъдаи русҳо, ки гӯё туро беки Ҳисор ё амири Бухоро мемонанд, бовар накун. Дар лаҳзае, ки ватан дар хатар аст, кинаву адоватро як тараф мону ҳамроҳи мо шав. Вагарна инҳо моро мезананду пас ба сари ту метозанд!» Иброҳим боз ҳам, «Барам ба бари ҷадид расад, мебурам,» - гуфта, наомад. Мо ба Бойсун расидем, ки русҳо ҳам омаданд. Ҳамон ҷо фаҳмидем, ки нисфи қушуни русҳо аз Термез ҷониби Қабодиён рафтаасту ҳуҷумро аз ҳамон ҷо шурӯъ кардаанд. Ва як киштӣ ҳам бо як баталон аскар ба роҳи дарё рафтааст. Онҳо роҳи дарёро зери назар гирифтаанд.
-
Иброҳимбек ин қадар якрав будааст, - дар тааҷҷуб монд Мансур ва пурсид: - Дигар ба ҷанг наомад?
-
Дар рӯзи севум омад. Аз амир хат гирифтааст, ки албатта ба Анварпошо ӯрӣ диҳад. Омаду чандон дилгармӣ нишон надод.
-
Ва шумо ҷангро бой додед? - Мансур ба чашмони мусоҳибаш нигарист.
-
Бой додем, дигар чӣ кор мекардем, - Низоммахдум куртаашро пӯшида афзуд: - Рӯз бегоҳ шудааст, мехезем.
Бригадаи Чернов наздики офтобнишин дуртар аз Бойсун, дар мавзее, ки Зароба мегуфтанд, барои шабгузаронӣ бор меканад. Обаке, ки аз домани кӯҳи ҷониби офтоббаро ҷорӣ шуда, қади сой меояд, аз канори бедҳои пир гузашта, ба дара мерезад. Дар ду тарафи сой дарахтони пада ва аҳён-аҳён чинорҳои сершоҳубарг қад афрохтаанд. Дар бештари заминҳои поёни бедҳо, ки дар ду тарафи сой тӯл кашидаанд, ҷав коридаю ҳосилашро ғун доштаанд. Алафи юнуҷка гул карда вақти дараваш аст. Дере нагузашта, ротаи хизмати ақиб ҳам омада, ба куштани мол, ва пухту паз шурӯъ кард. Ҷойи шабгузаронӣ ба ҷанговарон писанд омад ва дарҳол гурӯҳ-гурӯҳ шуда, ба сӯҳбат ва қартабозию қиморбозӣ пардохтанд. Сергей Николаеви тамбовӣ бо Валерий Кузмини тошкандӣ аллакай бозӣ доранд. Баъдтар давраашон калон мешавад. Ин ду тан бозигарони тардастанд. Дар охир ду тан мондаю байнашон занозанӣ мешавад ва Михаил Черевиенкои киевию Ниёзи форобӣ ҷудошон мекунанд. Ниёзов Ниёз (Ниёзи дароз ҳам мегӯянд) аз взводи Манучеҳр. Баъде ки ором мегиранд, Михаил кӯҳхоро нишон дода аз Давлат мепурсад: «Номи ин кӯҳҳо чист?» Намедонӣ:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор