Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
«Ин кӯҳхоро қаторкӯҳҳои Зарафшон мегӯянд». Ва ба Манучеҳр рӯ меорад: — Вайронаҳои тахти Қубодро дар Қубодиён мегӯянд, намедонӣ? Чаро намедонӣ?
– Ман ҳамагӣ якуним соат мадраса хондаам, ту аз...
– Ист, ист! – Михаил сухани Манучеҳрро мебурад, – шумо барои он таърихатонро намедонед, ки ба гузаштаатон таваҷҷуҳ надоред, кӯшиши пеш рафтан намекунед.
– Ман намефаҳмам, ба пеш рафтан таърих чӣ дахл дорад, – мегӯяд Манучеҳр.
– Таърих матори пешравист, – мегӯяд Михаил ва ҳамдавраҳо механданд.
Соли гузашта пас аз он ки як гурӯҳ калонсолҳоро аз хизмати артиш ҷавоб доданд, Манучеҳр Ниёзро овард. Гуфт, ки дар баталиони мардикорӣ хизмат кардааст. Бо русӣ такалум мекунад. Чернов ӯро ба сифати харкори гирифт. Баъди як моҳ фармони ба взводи Манучеҳр гузаронданашро содир кард.
Черевиченко ҳар вақте ки Кузминро ҷудо кунад, мепурсад: Қарз чанд?.. Қабул: ба дафтарат навишта мон! Аз ман мегирӣ! Ҳарду ҷангари дар армияи подшоҳ хизмат мекардаанд. Кузмин бо афсаре ҷанг карда, як соли умрашро дар зиндони Саритсин гузарондааст. Баъд дар армияи 7-уми дар Қафқози шӯравӣ мустақар буда хизмат кардааст. Аз он ҷо ба Уралск пас ба ин тараф партофтаанд.
Навомадаҳо бештар дар взводи сержант Григориев Максим мебошанд. Взводи ӯро се моҳ пеш аз Оренбург ба ин ҷо интиқол доданд.
Аз сой он тараф як гурӯҳ тангаро нишона монда, мусобиқаи тирпаронӣ барпо кардаанд. Бештарашон аз ротаи Загорский.
Чернов лаби об қадам зада, ба хотираш меояд, ки ду сол пеш, ҳангоме ки аз ин ҷо гузашта ба ҷанги амири гуреза мерафтанд, зимистони туф куну ях кун буд. Аз ин кӯҳҳои сар ба фалак мудом шамоли сарду ҷонқоҳ мевазид. Ҷои хоби аскар масҷид буд. Масҷидҳо хунук буданд. Лекин хоҳӣ, хоначаҳои атрофашро ё як тарафашро канда алов мекунӣ, гарм мешавад. Ҳоло тобистони хомпаз аст. Ҳарҷо буни сангу болои санг хоб мекунӣ. Аз ҷанговарони пештара қариб нимаш намондааст. Қисме дар ҷанги босмачиҳо сар ба бод доданд, қисме ба сабаби калонсолӣ аз армия рафтанд. Баъзеҳо барои дуздӣ ва шӯрапуштӣ дар маҳбасҳо умр мегузаронанд. Баъзеҳо, ки қарсакну шиорпарто буданд, одами калон шуда рафтанд. Фуражкаро ба шапка иваз карда, кори ҳизбро пеш мебаранд. Чернов аз байни онҳо бештар Дудкин Григорий ва Семёнов Димитрийро ба ёд овард. Ҳоло хурсанд аст, ки ҳангоме аз ҷанг баргашт, устухонҳои Дудкинро ба «гӯристони дӯстии халқҳо», ки дар Самарқанд ҷойгир аст, бурда дафн кард. Баъди ин кор аз қарз халос шудагӣ барин дилаш ором гирифт. Дар он гӯристон бештар русҳо хобанд. Аммо Семёновро дигар надид. Хабар омад, ки «контра» карда, парондаанд. Чернов дар назди рӯҳи ӯ худашро гунаҳгор ҳис мекунад. Сардори бригада шуда, командири ротаашро ҳифз карда натавонист.
Чернов аз байни хорҳои зорич, ки мевааш хӯшаи ангур барин овезон аст, гузашта, ба ҷои нисбатан баландие омад, ки он ҷо чанд чордевор ҳаст. Дар яке алаф гирифтаю дарашро бо шоху шипа бастаанд. Шояд замоне ин ҷо яйлоқ будааст. Боз каме роҳ рафта шаҳри Бойсун намудор шуд. Шаҳр дар байни кӯҳҳои баланд, дар дашти фароҳе доман афрохтааст. Чун бегоҳирӯз аст, подаю бузғала чангро роҳро хезонда аз кӯҳ мебарояд. Чанг аз худашон пештар меояд. Овози

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор