Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
дар Кӯлобу Балҷувон, дар деҳаҳои тоҷикнишин мекардаанд». Анварпошо бо дастаи Давлатманд ва як қисм ҷангиёни Кӯлоб роҳи Балҷувонро пеш гирифт.
Ман ҳам ҳамроҳ шудам. Дар Балҷувон даста-даста ба арзу додхоҳӣ назди Давлатманд омада мегуфтанд, ки гурӯҳҳои ба деҳа даромада хонаҳоро толон мекунанд, рамаю галаҳоро мебаранд ва мегӯянд, ки онҳо аз Лакай омадаанд.
Баъзеҳо мегӯянд, ки ӯзбакони Кӯлобанд. Ҳамон шабу рӯзҳо гурезаҳои бисёре аз дастаҳои Эргаш қурбошӣ ва Абдуқодир омада, дар деҳу шаҳрҳои Бухорои шарқӣ паҳну парешон мегаштанд. Мегуфтанд, ки онҳо аз ҷафои болшевик гуреза шуда омадаанд.
Анварпошо ҳам дар Кӯлоб, ҳам дар Балҷувон мӯйсафедону раисонро ҷамъ карда гуфт, ки ин кори дастгоҳи хуфияи болшевикҳост. Онҳо байни қавмҳо оташи хусумат андохта, қувваи моро шикастанианд. Бибинед, дузд молатонро мебараду мегӯяд, ки ман аз фалон ҷой омадам. Ин худ шоҳиди гуфтаҳои мост.
Ӯ якчанд домуллои номиро ҷамъ карда, фармуд, ки рафта ба Иброҳим гӯед, ки мо бовар намекунем, ки аскари ту нисбат ба ҳамватанонашон чунин ҷафоро раво бинад. Ин кори ҷосусони болшевик аст, ки моро ба таҳрик меандозанд. Ту ҳам мисли мо пеши ин номаъқулиҳоро бигир! Домуллоҳо баргашта гуфтанд, ки агар эшонҳои атрофаш намешуданд, зиндонамон мекард. Мегӯяд, ки «он ҷадиди беришро (Анварпошоро дар назар дорад), ки «русҳо занем, навбати Иброҳим мерасад» гуфтааст, ман ҳамту намемонам. Аз Усмонхоҷа бадтар накунам, номам Иброҳим не!» Анварпошо сарони қавмҳоро ҳамроҳ гирифта, ҳарчанд тагу боло давиданд, ки пеши ин корро бигиранд, чизе аз дасташон наомад. Анварпошо ночор ба вазири дифои Афғонистон Нодирхон хат навишт: «Дӯсти гиромӣ!
Суханамро ба замин намонда, панҷсад сарбоз ва се-чор пулемёт фиристед, то пеши роҳи Иброҳимро бигирем, ки байни ӯ ва Давлатманд ҷанг нашавад. Мо ба иллати нодонию аблаҳии Иброҳим ба русҳо ҷангро бой медиҳем».
Ҳамон рӯзҳо гурезаҳои аз Фарғонаю Самарқанд омада дар масҷиду
маъракаҳо рӯирост Анварпошоро «ҷосуси рус, ҷосуси Англия будааст, ба Ленин чӯра будаасту мехостааст, ки моро ғуломи русҳо кунад», — гуфта ташвиқот
мебурданд. Баъзеи онҳо наган доштанд. Он вақт мо ба суханони Анварпошо,
ки инҳо одамони ОГПУ мебошанд, мегуфт, аҳамият намедодем. Медидем, ки
онҳо ҳам мисли мо ришу салла доранд, панҷ вақт намозашон тарк нест, ба ин
гапҳо бовар намекардем. Баъди гузаштани он рӯзҳову он воқеаҳо, ки шикастаю
пора-пора шудем, касони номаълум рафиқонамро аз хонаҳояшон берун даъват
карда корд заданд, пас дарк кардем, ки он гуфтаҳо айни ҳақиқат будаанд. Оташи душмании қавмҳои ӯзбеки тоҷик рӯз то рӯз бештар аланга мегирифту мо ба
сарамон омадани фоҷиаро ҳис мекардем. Ва он зуд расид. Ӯзбекҳо ва як қисми
лакайҳои Кӯлоб ҷониби Иброҳимро гирифтанд. Туркману лакайҳои атрофи
Кӯлоб, ки тороҷу ҷафои дастаҳои Иброҳимро дида буданд, ба қӯшуни Давлатманд пайвастанд. Нӯҳ рӯз ҷангу кушокуш карданд, хонаҳои ҳамдигарро ғорат
кардаю сӯзонданд. Ёрони Анварпошо ҳам ба ҷонибдории Давлатманд корнамоӣ
карданд. Охируламр, қӯшуни Давлатманд тарафи Иброҳимро зӯр овард ва як
қисм сарбозҳояш дар кӯҳҳо паноҳ бурданд. Иброҳимбек бо як даста ба Лакай
гурехт. Акнун бар қасд тоҷикҳо хонаҳои ӯзбекҳоро месӯзонданд. Дар ҳамин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор