Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки Беҳрӯз ном доштааст, дар дастаи Дониёр дидаанд. Дар Когон дар атрофи хонаи Манучеҳр як-як пайдо мешудааст.

  • Ин гапҳоро аз худаш фаҳмидӣ? - ҳайрон шуд Чернов.
  • Худаш ин гапҳоро намегӯяд, - Муҳаммадшариф нигоҳашро аз Чернов намеканад. - Чойхоначии даруни бозори Когон аз Бухорост. Ӯ қисса кард.
  • Чойхоначӣ... Номаш Сӯҳроб?
  • Бале, шумо ҳам аз вай бохабар будагистед. Ман аниқ намедонам. Лекин пай мебарам, ки хабарчин аст.
  • Каму беҳ хабар дорам, - Чернов озмоишкорона ба рӯи чилавдораш нигарист. - Аслан вай ошнои Степанови сардори корхонаи роҳи оҳан аст. Ва пурсид: - Вай аз куҷо медонад? Чаро ба ту нақл мекардааст?
  • Он Сӯҳроб бо ман ҳам саломалек аст, - Муҳаммадшариф хандид. - Ӯ ба ман нақл кард, ки занаш рӯирост ба Манучеҳр гуфтааст, ки «Беҳрӯз мурд гуфта, маро фириб додет. Мо ҳамдигарро нағз медидем. Агар аспсаворӣ метавонистам, ба муҷоҳидҳо пайваста, бар зиддатон ҷанг мекардам».
  • Оҳо! Вай ин гапҳоро аз куҷо медонистааст? - пурсид Чернов.
  • Духтар ба модараш гуфтааст. Дигар ҳамаи маҳалла фаҳмидааст. Сӯҳроб аз ҳамон маҳалла-ку!
    «Ана барои чӣ ҷавон маъюс будааст.» Зане, ки шавҳарро нағз набинад, мисли гови шоҳзан аст.
  • Пас чаро он босмачиро намепаронад? - Чернов ситезманд шуд.
  • Боре қариб худашро парондаанд. - Муҳаммадшариф лаҷомро кашида, гашти аспашро суст кард. - Чойхона медарояд, ки чойхоначӣ баробари чойро дароз кардан оҳиста «гурез, ки аз пасат одам аст!» - гуфта хабар додааст. Манучеҳр, кӣ буданашро пай бурда, чойникро болои кат монда, оҳиста худро аз девор партофта гурехтааст. Ду нафар аз пасаш то дари гарнизон таъқиб кардаанд...
    Тир ҳам парондаанд.
    Чернов бо тааҷҷуб сар ҷунбонда, ғазаболуд шуда гуфт:
  • Ҳоло гашта биёям, тамоми милисаро ба по хезонда, он босмачиро бо элу авлодаш ба зиндон мепартоям!
    Муҳаммадшариф аз Чернов ҷудо шуду барои алафи асп, ба замини юнуҷазори дар поёни дарахтҳо буда фаромад. Дуртар аз заминҳо мазорест:
    як хонача ва ҳавлии назарногир дорад. Дар атроф қабрҳои куҳнаи болоҳояшон ба санги тоба пӯшонда намудоранд. Болои баъзе қабрҳо яла шудаанд. Дар боми мазор ду ходаи дарози панҷ-шаш метра насб карда шудааст. Дар нӯгҳошон латта бастаанд. Латтаи яке кушода шуда дар шамол байрақ барин ҷавлон мезанад.
    Дар паси латта думи гов бошад ё кутос низ баста шудааст. Муҳаммадшариф ҷониби мазор фотиҳа гирифт ва фикр кард, ки ин ходаҳоро туғ меноманд. Туғ чӣ маъно дошта бошад? Шояд ишораи «ин ҷо гур доштан»-ро дорад. Латтаю мӯйро (дар баъзе ҷо зангула ҳам мебанданд) яқин мазорбонҳо баҳри воҳима ва хотири роҳгузаронро ҷалб кардан мебанданд?
    Муҳаммадшариф як банд алаф даравида баргашту дар болои боми мазор Кузмини тошкандиро бо сарбози калтае дид. Кузмин табар дар даст ҳарду туғро
пешина
аз 613
навбатӣ